(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБегоҳии дирӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба тамошои бозии даври ниҳоии мусобиқа оид ба футболи хурд, ки байни дастаҳои маҳаллаҳо, корхонаву ташкилотҳо барои дарёфти Ҷоми «Бобо Каримов», ки бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» гузаронида мешавад, ба маҳаллаи «Раззоқ»-и шаҳр рафта, дар он иштирок намуда, ғолибонро қадршиносӣ кард.

Бозии финалии дастаҳои «Беҳтарин» ва «Парламент» сурат гирифта, дар натиҷаи дастаи «Парламент” бар ҳисоби 3:0 ғолибиятро ба даст овард.

Бояд қайд намуд, ки дар мусобиқаи мазкур 20 даста дар 4 гурўх байни ҳам қувваозмоӣ намуда, дастаҳои «Садаф» ва «Қулангир» сазовори ҷои сеюм гаштанд. Ҳамзамон, “Бозингари беҳтарин”, “Дарбозабони беҳтарин”, “Ҳамлагари беҳтарин”, “Муҳофизатгари беҳтарин”, “Ниммуҳофизатгари беҳтарин” муайян ва бо тӯҳфаҳо қадршиносӣ гардиданд. дониста шуданд.

Дар ҷамъбасти мусобиқаи мазкур Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дастаҳои ғолиб ва бозингарони беҳтаринро бо ҷом, диплом, медал ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки мусобиқа оид ба футболи хурд байни дастаҳои маҳаллаҳо, корхонаву ташкилотҳо барои дарёфти Ҷоми «Бобо Каримов» ва бахшида ба «Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш дар маҳаллаҳо ва қишрҳои гуногуни ҷомеа, ҳамзамон татбиқи босамари Барномаи маҳаллии рушди футбол дар шаҳри Хуҷанд барои солҳои 2017-2021 ва саҳмгузории соҳибкор Мансур Каримов аз санаи 26 июн то 24 июли соли 2018 дар варзишгоҳи маҳаллаи «Раззоқ»-и шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд