(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва шахсони яккаву танҳо, аз ҷиҳати саломатӣ нуқсон дошта нуқтаи хайру эҳсони маҳаллаи «Ваҳдат»-и шаҳри Хуҷанд амалҳои хайрхоҳона анҷом медиҳад.

Тавре, ки сардори ин нуқтаи хайргузор Нуъмон Ҳасанов зикр дошт, ки «Аз рӯзҳои аввали фаъолияти нуқта 600 нафар шахси саховатпешаи шаҳри Хуҷанд ба нуқта либоси занона, мардона, бачагона, пойафзол, асбобу анҷоми зиёдатии рӯзгори худро супурданд. Дар ин муддат 5200 нафар ба нуқта муроҷиат намуда, либосу пойафзол, чиниворӣ, техникаи хонаро ройгон гирифтанд. Айни замон дар нуқта 180 адад либоси занона, 120 адад либоси мардона, 210 адад либоси бачагона, пойафзол, асбобу анҷоми рӯзгор интизори соҳибони нав мебошанд. Танҳо дар моҳи июни соли ҷорӣ 70 нафар ба нуқта сарулибос супурда, 350 нафар барои гирифтани онҳо муроҷиат карданд. Аз миқдори умумии муроҷиаткунандагон 150 нафар аз шаҳри Хуҷанд ва 200 нафар аз дигар шаҳру навоҳии вилоят мебошанд.

Нуъмон Ҳасанов мегӯяд, ки дар ин ҷо аробачаҳои маъюбонро ройгон таъмир менамоем. Соли ҷорӣ 4 адад аробачаро таъмир намуда, 3 адади дигарро барои истифодаи ройгон супурданд.

Масъулин эълонҳои нуқтаро дар сатри равон ройгон ҷойгир кардаанд. То мардуми ҳанӯз бехабар аз мавҷудияти нуқтаи хайру сахо маълумот пайдо намоянд ва либос оранд ва ё гиранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд