(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБаҳри таҳкими инфрасохтори соҳаи коммуникатсияи шаҳри Хуҷанд тадбирҳо андешида мешавад ва он натиҷаҳои назаррас ба бор меоварад. Ин буд, давоми 6 моҳи соли ҷорӣ тавассути ҳамаи намуди воситаҳои нақлиёт 1,1 млн. тонна бор ва 21,2 млн. нафар мусофирон кашонида шуданд, ки ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли пешина мутаносибан 2,1 ва 2,3 дар сад афзоиш ёфтааст.

Дар рушди бемайлони иқтисодиёти шаҳри Хуҷанд муомилоти гардиши молҳо саҳми арзанда дошта, ҳаҷми он дар ин давра ба 1581,0 млн. сомонӣ расида, ҳаҷми хизматрасониҳо 579,8 млн. сомониро ташкил дода, онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта бо нархҳои ҷорӣ мутаносибан 46,6 ва 25,5 дар сад афзоиш ёфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд», ки бо маблағгузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд амалӣ хоҳад шуд, ба шаҳри Хуҷанд 25 адад автобусҳои замонавии истеҳсоли Федератсияи Россия ворид карда шуд.

Бо амалишавии пурраи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» ба маркази вилоят дар маҷмӯъ 100 адад автобус ворид карда мешавад ва дар марҳилаи аввал 25 автобус оварда шуд. Таъкид гардид, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ва харидорӣ шудани нақлиёти мусофиркашон ҷиҳати беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва аз байн бардоштани мушкилоти мавҷуда мусоидат хоҳад кард.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд