(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рӯзҳои 21 ва 22 июли соли равон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ баргузор мегардад.

Дар ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят, корхонаҳои паррандапарварӣ, иттифоқҳои матлуботи вилоят, соҳибкорон ва дигар хоҷагиҳои ёрирасон маҳсулоти хушсифатро нисбат ба бозор бо нархҳои арзонтар пешниҳоди сокинон менамоянд.

Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ соати 8-00 оғоз меёбад.

Марҳамат ба ярмарка!