(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба мумфаршкунии кӯчаи Усмон Қосимов, маҳаллаи Тиллокон, яъне роҳи байни микроноҳияҳои 12-13 оғоз бахшида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни баромади худ дар назди бошандагони микроноҳияҳои номбурда ва фаъолони шаҳр иброз дошт, ки дар қаламрави вилоят бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1300 рӯзи ободонию созандагӣ эълон шудааст ва ба ин муносибат дар шаҳру навоҳии вилоят беш аз 3000 иншооти таъиноташ гуногун, аз қабили мактабу беморхона, чойхона, корхонаҳои саноатӣ, майдончаҳои варзишӣ, кошонаи ҳусн, маркази савдо, ҳаммомхона, мумфаршкунии роҳҳо, гузаронидани хатти оби нӯшокӣ, чароғонкунӣ ва дигар амалҳои созандагӣ бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ, сармоягузорони дохиливу хориҷӣ, соҳибкорон, ашхоси хайрхоҳ ва ғайра сохта ва ба истифода дода мешаванд. Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд низ корҳои бунёдкорӣ авҷи тоза гирифта, то ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 300 иншоот сохта ба истифода дода мешавад.

Сипас, Насим Олимзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 –юми майи соли равон дар шаҳри Хуҷанд бахшида омодагӣ ба 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари гуруҳи корӣ таъин гардидааст, баромад намуда, таъкид дошт, ки дар якҷоягӣ шаҳри бостонии Хуҷандро боз ҳам ободу зебо ва хуррам мегардонем.

Сипас, аз тарафи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба мумфаршкунии кӯчаи Усмон Қосимов, маҳаллаи Тиллокон, яъне роҳи байни микроноҳияҳои 12-13 расман оғоз бахшида шуд.

Бояд қайд намуд, ки роҳи мазкур бо дарозии 1000 метр ва паҳноии 17 метр авзнавсозӣ гардида, дар ду шафати роҳ чароғпояҳои замонавӣ насб мегарданд. Пудратчии роҳи мумфаршаванда ширкати “Тоҷроуд” мебошад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки роҳи мазкур борҳо дар сархати расонаҳои иҷтимоӣ қарор дошта, мардум ба роҳбарияти вилоят ва шаҳр доир ба таҷдиди он муроҷиат менамуданд ва ниҳоят арзи онҳо баррасӣ ва ҳал гардид.

Соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд 32,5 км таъмири роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла 12,5 км таъмири роҳҳо ва кўчаю хиёбонҳо ва 20,0 км роҳҳои автомобилгарди байни биноҳои истиқоматии микроноҳияҳо ва дохили маҳаллаҳо ба нақша гирифта шуда, то имрўз зиёда аз 15,5 км роҳҳо асфалтпўш карда шуда, корҳо дар ин самт тақвият меёбанд. Боиси тазаккур аст, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва бевосита бо мусоидати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода кўчаи 30 солагии Ғалаба, кўчаи Сирдарё аз Наврўзгоҳ то гардиши Ором, байни микроноҳияи 34 бо сифати баланд мумфарш карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд