(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар КВД «Кохи матбуот»-и шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои занҳои хонашин семинари омӯзишӣ дар мавзуъи «Банақшагирии тиҷорат ва сохтори нақшаи тиҷоратӣ» баргузор шуд, ки дар он беш аз 30 нафар бонувон иштирок доштанд.

Дар семинар аз ҷониби мутахасисон доир ба сохтори бизнес-нақша, бизнес-ғоя, консепсияи бизнес –нақша ва роҳҳои созмон додани корхнаҳои хурду миёна машғулиятҳо гузаронида шуд.

Бояд қайд намуд, ки семинари мазкур дар заминаи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи таъсис додани гуруҳи корӣ ва тарғиби фаъолияти соҳибкорӣ байни аҳолӣ барои соли 2018» сурат гирифт.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд