(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар шаш моҳи соли ҷорӣ дар шахри Хуҷанд ҳаҷми умумии сармоягузориҳо 13,5 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла, сармояи хориҷӣ 4,1 млн. доллар ва сармояи дохилӣ 9,4 млн. доллар ҷалб гардидааст. Ҷалби сармояи хориҷӣ асосан барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва беҳтаргардонии вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашон равона шуда, сармояи дохилӣ бошад, дар соҳаи манзилию иҷтимоӣ, яъне сохтмони биноҳои истиқоматӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ равона шудааст.

Дар самти ба роҳ мондани ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, дастгирӣ ва амалӣ шудани ташаббусҳои соҳибкорони ватанӣ мувофиқи қарорҳои раиси шаҳр ба 22 нафар соҳибкорон барои бунёди 22 адад иншоот, аз ҷумла 3 коргоҳи истеҳсолӣ, 5 адад биноҳои баландошёна истиқоматӣ, 1 адад майдончаи варзишӣ, 1 адад боғчаи бачагона, 12 адад марказҳои савдо ва хизматрасонӣ қитъаҳои замин ҷудо карда шудааст.

Қайд намудан ба маврид аст, ки соли 2017 ба 6 нафар соҳибкорон барои сохтмони коргоҳҳои истеҳсолӣ қитъаҳои замин аз ҳудуди шаҳр ҷудо гардида, дар ин мавзеъҳо корҳои сохтмонӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ оғоз гардидааст.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд