(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаванди бунёдкориву созандагӣ яке аз рисолати асосии шаҳрвандии мо ба ҳисоб рафта, дар ин ниҳод бинокорони шаҳри Хуҷанд саҳми назаррас гузошта истодаанд.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ баҳри сохтмонҳои гуногун дар шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ маблағгузории асосӣ 91,9 миллион сомониро муайян гардида, ба маблағи 73,8 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта мутаносибан 34,8 дар сад ва 22,8 дар сад афзоиш ёфтааст. Яке аз манбаъҳои корҳои ба сомонрасида, ин маблағгузорӣ аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ буда, аз ин сарчашма дар ҳаҷми 33,7 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд.

Илова бар ин, ба маблағи 91,2 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуда, он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта ба маблағи 45,7 млн. сомонӣ ё 2 маротиба афзоиш ёфтааст. Аз тарафи корхонаҳои пудратии шаҳр бошад, ба маблағи 88,4 млн. сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шуданд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 26,4 млн. сомонӣ ё 42,7 дар сад афзоиш ёфтааст.

Ҳамагӣ дар ин давра 12 иншооти маданию маишӣ, истиқоматию коммуналӣ ва саноатӣ бо арзиши фондҳои асосии 86,5 млн. сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар қитъаҳои замини барои сохтмони биноҳои баландошёна ҷудо гардида 43,2 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ бо истифода аз унсурҳои инноватсионӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 10,0 ҳазор метри мураббаъ ё 30,3 дар сад афзоиш ёфтааст.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд