(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади ҷалби сармоягузорӣ, ки яке аз омили асосии таъмини рушди устувори иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоб меравад, дар шаҳри Хуҷанд мутахасисон лоиҳаи портали инвеститсионии шаҳрро омода намуда истодаанд.

Ҳадаф аз ташкили чунин портал, ба василаи ҷой додани он дар шабакаи интернетӣ, инъикоси имконияту иқтидорҳои мавҷудбудаи минтақа барои ҷалби сармоя ба иқтисодиёти шаҳр мебошад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар шаҳри Хуҷанд баҳри ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, истифодаи мақсадноки захираҳои табиӣ ва нерўи инсонии минтақа якчанд лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар мисоли сохтмони коргоҳи коркарди пўст ба маблағи 12,5 млн. доллари амрикоӣ, фабрикаи пойафзолбарорӣ ба маблағи 12,6 млн. доллари амрикоӣ, коргоҳи истеҳсоли зарфҳои шишагин ба маблағи 17,0 млн. доллари амрикоӣ, коргоҳи коркарди мева ва истеҳсоли консерва ба маблағи 11,7 млн. доллари амрикоӣ, яхдону сардхонаҳои гуногунҳаҷм ба маблағи 3,1 млн. доллари амрикоӣ ва фабрикаи дорусозӣ ба маблағи 45,0 млн. доллари амрикоӣ ва фабрикаи қаннодӣ ба маблағи 3,5 млн. доллари амрикоӣ мавриди омодасозӣ қарор гирифтааанд.

Ин ҳама лоиҳаҳо барои рушди соҳаҳои дигари афзалиятнок мусоидат намуда, бо истифода аз имкониятҳои мавҷудбуда лоиҳаҳои инвеститсиониро барои пешниҳод ба сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ва институтҳои молиявӣ омода карда мешаванд.

Қобили қайд аст, ки ҷиҳати тақвият бахшидан ба рушди иқтисодиёти кишвар ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар майдони 320 га замини минтақаи ҷанубу ғарбии шаҳри Хуҷанд Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” таъсис ёфтааст. Дар ин мавзеъ барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароити имтиёзнок ва низоми махсуси иқтисодӣ муҳайё карда шуда, то санаи 1-уми июли соли 2018 дар ин минтақа 24 адад субъектҳо ба қайд гирифта шуда, пурмаҳсул фаъолият доранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд