(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАз ҷониби кормандони маъмурияти корхонаҳои сохташудаистодаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии маҳаллаҳои навбунёди соҳили рости шаҳр дар асоси лоиҳаи “Хатти обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳия Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд” тибқи марҳилаи аввали он “Таҷдид ва зиёд намудани иқтидорҳои истгоҳи №4 КВДК “Хуҷандобуканал” корҳои васлгарию сохтмонӣ идома дорад.

Алҳол кормандони идораи мазкур дар маҳаллаи 12-и шаҳр, канори роҳ 707 метр лӯлаи қутраш 355 миллиметра хобонида, корҳои сохтмонӣ барои ҷойгир намудани 540 метри дигар қубурҳо идома дорад.
Дар мавзеъи сохтмон беш аз 20 нафар кормандон бо 5 адад техника фаъолият доранд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки қубурҳои васлшаванда пурра истеҳсоли ватанӣ мебошанд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд