(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади огоҳӣ аз вазъи таъмиру таҷдид ва суръат бахшидан ба корҳои ободонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и шаҳр аз ин маҳзани маърифат боздид ба амал овард.

Тавре, ки иттилоъ дода шуд, МТМУ №16 соли 1964 бунёд гардида, аз 4 ошёна иборат буда, дорои 26 синфхона мебошад. Аз онҳо 5 адад кабинетҳои фаннӣ, аз қабили кабинети химия, физика, технологияҳои иттилоотӣ, омодагии дифои ҳарбӣ ва суруду мусиқӣ мебошад. Дар муассиса бинои алоҳида барои технология (касбомӯзӣ) бунёд гардидааст. Ҳамзамон толорҳои маҷлис, варзиш ва ошхона мавҷуд аст.

Бояд қайд намуд, ки соли ҷорӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои таҷҳизонидани кабинети фанни химия 30 ҳазор сомонӣ ва барои азнавсозии толори варзиш 100 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.

Дар муассиса барои сайқал додани дониш ва бархурдор шудани хонандагон аз технологияи муосир шароити муосид фароҳам оварда шудааст. Муассиса ба шабакаи интернет пайваст буда, дорои 2 тахтаи электронӣ, 36 компутерҳои замонавӣ ва 6 адад видеопроектор мебошад.

Аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба муовинони Раиси шаҳр, роҳбарияти идораи сохтмони асосӣ, шуъбаи маориф ва маъмурияти мактаб дастур дода шуд, ки ҷиҳати бо курсиҳои нав таъмин намудани толори маҷлис ва босифат иҷро гардидани таъмиру кулли толори варзиш таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.

Маъруф Муҳаммадзода ҳамзамон ба масъулин ҷиҳати таъмири фарши синфхонаҳои алоҳида, азнавсозии лӯлаҳои обу ташноб, таъмири ҷиддии роҳравҳо, хатти барқ дастуру супоришҳо дод.

Таваҷҷуҳи хоса ба ободонии майдони атрофии муассиса низ зоҳир гардид. Ҷиҳати банизомдарории майдони футбол, машқгоҳҳо, гулзорнамоии атрофии мактаб, сафолакпӯшнамоии пайраҳаҳо низ дастурҳо дода шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд