(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБаъди аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, бори дигар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешоҳанг дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об эътироф гардид.

Афзоиши аҳолию раванди шаҳрнишинӣ,биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйири иқлим, инчунин набудани имконот барои таъмини истифодаи мақсадноки об ва дар оянда авҷ гирифтани мушкилоти марбут ба набудани дастрасӣ ба оби нушокии бехатар ба офатҳои гидрологӣ ва норасоии об оварда мерасонад.

Солҳои охир дар шаҳри Хуҷанд дар самти хизматрасониҳои коммуналӣ, ки яке аз самтҳои муҳими иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад, бо талошҳо роҳбарияти шаҳр чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар натиҷа таъминоти аҳолӣ бо оби тоза беҳтар гаштааст.

Дар раванди таъминоти аҳолӣ бо оби тоза КВДК “Хуҷандобуканал” ки яке аз таъмингари асосии сокинон бо оби тоза мебошад дар асоси “Барномаи беҳтар намудани аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нўшокӣ барои солҳои 2008 – 2020” ба муштариён хизмат расонида меояд.

Бояд қайд намуд, ки агар 10 сол муқаддам муштариёни хизматрасонии идораи “Хуҷандобуканал” ҳамагӣ 42 ҳазор нафар бошад, имрӯз он ба зиёда аз 54 ҳазор нафар расидааст. Бо вуҷуди ин маҳаки асосии фаъолият баҳри беҳтару сифатан хуб намудани хизматрасонӣ ба аҳолӣ нигаронида шудааст.

Ҷоиз ба зикр аст, ки аз соли 2006 то 2013 марҳилаи 1 ва 2-и лоиҳаи “Оид ба беҳтар намудани вазъи таъминоти оби нўшокии шаҳри Хуҷанд” пурра татбиќ шуда, алҳол марҳилаи 3-юм “Беҳтаргардонии вазъи таъминот бо оби нўшокӣ ва партовоби шаҳри Хуҷанд” бомаром идома дорад.

Рӯзҳои охир баланд шудани ҳарорати ҳаво фаъолияти КВД “Хуҷандобуканал”-ро ба мушкилот рӯбарӯ намуда бошад ҳам, роҳбарияти ин идора кӯшиш намуда истодааст, ки таъмини оби нӯшокии бардавомро ба хонаҳои шаҳрвандон мунтазам ба роҳ монад.
Таҷҳизоти насбгардида дар идораи “Хуҷандобуканал” имкон медиҳад, ки раванди таъмини оби нӯшокӣ ба хонаҳои шаҳрвандон тариқи онлайн назорат бурда шавад. Яъне, фишори об ва рух додани садамаҳо ба тариқи фаврӣ маълум карда, ба он ҷойҳо барои бартарафкунӣ гуруҳҳо сафарбар карда мешаванд.

Аз шаҳрвандон хоҳиш ва даъват ба амал оврада мешавад, ки ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани об тадбирҳо андешанд ва ҳар қатраи онро ба манфиати умум истифода баранд. Агар ҳолатҳои ғайримақсаднок истифода бурдани обро дучор шаванд, ба навбатдори "Хуҷандобуканал" фавран хабар диҳанд. Мутаасифона аз ҷониби бархе шаҳрвандон бидуни сарфакорӣ оби нушокӣ истифода бурда мешавад, ки он боиси нигаронӣ шудааст.

Ҳаёти мавҷудоти зиндаро бе об тасаввур кардан ғайри имкон аст. Аз ин рӯ, мардум дар ҳар давру замон шаҳрҳоро маҳз дар соҳили дарёҳо ё баҳрҳо месохтанд. Аз қадим мардум баъзе аз рӯду чашмаҳоро муқаддас медонанд.

Аз чаҳор унсури ҳаётбахши табиат об, бешак асоситарин ва қиматарин неъмати Худовандист. Об натанҳо асоси мавҷудияти сайёраи Замин, балки асоси ҳастии инсон мебошад. Инсон бояд қадру қимати обро бидонад. Барои ин бояд муқаддас будани обро дарк кунем ва бояд он самаранок ва сарфаҷӯёна истифода барем.

Кормандони шуъбаҳои дахлдори идораи «Хуҷанобуканал» ҳамарӯза тибқи нақшаи пешбинишуда, санҷишҳои назоратӣ гузаронида, доир ба ҳолатҳои пешгирии васлу истифодаи ғайримақсадноки хатти об корҳои прафилкатикӣ гузаронанд,ҳам мутаасифона имрузҳо аз тарафи шаҳрвандон ва идораву ташкилотҳои гуногун доир ба ғайримақсаднок истифодабарии об ҳолатҳо ба чашм мерасад, ки боиси нигаронист.

Мутахассисон ҳисоб кардаанд, ки агар аз ҷумаки об дар як сония як қатра об бичакад, пас дар зарфи як сол ин рақам 10 000 литрро ташкил медиҳад. Маънои “қатра-қатра чамъ шавад, дарё шавад” ин аст. Ё ин ки аз лӯлаи оби сурохиаш баробари нуги сузан дар як шабонарӯз 840 литр об беҳуда ҷорӣ мешавад. Ҳол он, ки дар бархе ҷойҳо дар як сония даҳҳо литр об ҷорӣ шуда истодаасту шаҳрвандон беэътиноӣ зоҳир менамоянд.

Аз шаҳрвандон бори дигар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати сарамаронк ва сарфакорона истифода бурдани ҳар қатраи об азм намуда, ба қадри ин неъмати бебаҳо расанд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд