(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи дирӯз сокинони ҳудуди участкаи интихоботии №49, ҳавзаи интихоботии «Ватан» №35-и шаҳри Хуҷанд бо ҳадафи райъ додан ба номзади арзандаи худ ба участкаи овоздиҳӣ ҳозир шуданд.

Аз табъи мардум дарёфтан мумкин буд, ки эшон дар ин маъракаи сиёсӣ бо амри дил ва бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии хеш фаъолнокӣ зоҳир намуданд.

Тибқи иттилоъи масъулини участкаи интихоботии №49, ки дар бинои кӯдакистон-ширхоргоҳи №37 ҷойгир карда шудааст, 2473 нафар райъдиҳандагон вуҷуд доранд. Интихобот соати 6:00 ба кор оғоз гардид ва то соати 20:00 идома ёфт.

Бояд қайд намуд, ки дар участкаи интихоботии №49, ҳавзаи интихоботии «Ватан» №35-и шаҳри Хуҷанд 2 нафар номзад ба вакилии маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, яъне Мақсудҷон Умаров, сардор идораи сохтмони асосии вилояти Суғд, аз ҲХДТ ва Толиб Исмоилов, омӯзгори коллеҷи тиббии ба номи Ю. Исҳоқии шаҳри Хуҷанд, аз ҲДТ ба қайд гирифта шуда буданд.

Ҳамин тавр, тибқи иттилоъи комиссияи шаҳрии интихобот дар маъракаи интихобот 2069 нафар ширкат намуда, аз онҳо ба Мақсудҷон Умаров 1503 нафар райъи худро доданд, ки 72, 6 фисади овозҳоро ташкил медиҳад. Ба ҳамин тартиб дар ҳавзаи интихоботии «Ватан» №35 номзади ҲХДТ Мақсудҷон Умаров ба ҳайси вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд бо бартарии овозҳои зиёд ғолибият ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳавзаи интихоботии «Ватан» №35»» интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум «Дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколати вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, сурат гирифт.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд