(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 1 июни соли 2018 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2018» дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ лагерҳои рӯзонаи солимгардонӣ ва дар заминаи истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Парвоз» лагери фароғатӣ-таълимии хонандагони болаёқат, ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат ташкил гардидааст, ки имрӯз кӯдакону наврасонро ба истироҳату фароғат фаро гирифтааст.

Бегоҳии дирӯз Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд бо мақсади огоҳӣ пайдо намудан аз вазъи истироҳату фароғати хонандагон ва иштирок дар оғози расмии даври дуюми фаъолияти урдугоҳи беруназшаҳрии «Парвоз» аз он боздид ба амал овард.

Фирӯза Нуруллозода аз вазъи буду бошт, истироҳат, фароғат, анвои хӯрока, макони оббозӣ, бозӣ ва гузаронидани чорабиниҳои наврасон шинос гардида, ба роҳбарияти шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ва масъулини урдугоҳи беруназшаҳрии «Парвоз» ҷиҳати беҳтар намудани шароити лагер супоришҳои мушаххас дод.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ маросими ифтитоҳи даври дуюми фаъолияти урдугоҳ баргузор гардид.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд аз таваҷҷуҳу дастгириҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити хубу созгор барои гузаронидан истироҳату фароғат дар урдугоҳҳои беруназшаҳрӣ ёдоварӣ намуда, аз хонандагон даъват ба амал оврад, ки вақтро ғанимат шуморида, бо ҳамдигар риштаҳои дӯстиро мустаҳкам ва хотироти хуб аз ин мавзеъҳо бардошт намоянд.

Фирӯза Нуруллозода иттилоъ дод, ки соли оянда урдугоҳи беруназшаҳрии «Парвоз» бо дастгирии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз таъмири кулл бароварда шуда, шароити боз беҳтарини истироҳату фароғат бароятон муҳайё карда мешавад.

Барномаи фарогири ғояҳои ватандӯстию хештаншиносӣ, ки аз ҷониби кӯдакону наврасон таҳия шуда буд, табъи ҳозиринро болида намуд.

Бояд қайд намуд, ки алҳол дар урдугоҳи мазкур беш аз 170 нафар хонандагони фаъолу боистеъдоди шаҳр ба истироҳату фароғат фаро гирифта шудаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд