(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altҲамшаҳриёни азиз!

Ҳамасола 8 июл дар саросари кишварамон Рӯзи маъюбон ва пиронсолон таҷлил карда мешавад. Таҷлили ин сана далели эътибори Ҳукумати мамлакат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати инсонҳоест, ки тамоми умри бобаракаташонро барои ҳарчи хизмати халқу Ватан сарф кардаанду ҳар варақи китоби зиндагиашон дарси панду андарз барои наслҳост, умрашон мактаби тарбияи имрӯзиёну фардоиён аст, шаҳодати таваҷҷӯҳ нисбати ашхосест, ки бо амри тақдир маъюбанд, вале тавассути иродаи матину мустаҳкамашон побанди тақдир нестанд, балки тақдирсозанд, рӯҳафтода намешаванд ва ҳамеша сарбаланданд.

Маъюбону пиронсолони шаҳри Хуҷанд ҳамаҷониба бо дастгирии моддию маънавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фаро гирифта шудаанд. Аёдати пирону барҷомондагон, маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои шаҳидони ҷанг, ятимону ашхоси яккаву танҳо ва бесаробон, кӯмакрасонӣ ба онҳо бахусус дар иду айём, ҳамчунин парастории Хонаи пиронсолон, муассисаҳои таълимию томактабии бачаҳои маъюб аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти мақомоти иҷроияи шаҳр маҳсуб мешавад.

Мо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ашхоси ниёзманд, бахусус пиронсолону маъюбон дарди рӯзгорро ҳарчи камтар эҳсос кунанд, худро доимо дар паноҳи давлату ҳукумат ва ҷамъият бинанд. Сухани эътимодбахшу рӯҳбаландкунандаи сарвари муаззами давлатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - «Ман ба кӯдакони ятиму бепарастор, маъюбону пиронсолони бесаробон муроҷиат карда, изҳор менамоям, ки Шумоёнро ҳаргиз хору зор шудан ва ҳеҷ гоҳ бесоҳиб намегузорам» бо маънои комилаш ифодаи мақсаду мароми давлату Ҳукумати мамлакат, сиёсати инсонпарваронаи роҳбари дурандеши кишварамон аст.

Хоҳони онам, ки пирони рӯзгордида ҳамеша солиму бардам ва маъюбон болидарӯҳу шукргузори айёми истиқлол бошанд.

Рӯзгоратон ободу дилатон шод бод!