(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд» маросими ифтитоҳии Ярмаркаи V-уми байналмилалии савдо “Суғд-водии имконот 2018” бо ҳузури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода,  намояндагони корпусҳои тиҷоратии минтақавӣ ва хориҷи дур баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни баромади худ таъкид дошт, ки ярмаркаи V-уми байналмилалии савдо “Суғд- водии имконот 2018”   бо мақсади дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоягузорӣ ва воридоти технологияҳои муосир доир гардида истодааст, ки дар он иштироки намояндагони доираҳои тиҷоратии Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Кореяи ҷанубӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ, ҳамзамон соҳибкорону ҳунармандон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлону Бадахшон ва навоҳии тобеи марказ бо молу маҳсулоти худ ҳузур доранд.

Таъкид шуд, ки вилояти Суғд таваҷҷуҳи хоссаро ба рушди корхонаҳои саноатӣ, бахусус корхонаҳое, ки ба коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд, зоҳир намуда, ба он муваффақ ҳам гардидааст. Имрӯз аксар корхонаҳои саноатӣ азкормонда дубора фаъол гардида, саҳми худро дар ташаккули маҷмуъи маҳсулоти дохилии вилоят гузошта истодааанд. Алҳол дар вилоят беш аз 66 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият дошта, солҳои охир дар соҳаи кишоварзӣ диверсификатсияи истеҳсолот тавассути ташкили кишти такрорӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва сердаромади содиротӣ, васеъгардонии майдони кишти сабзавот ва бунёди боғу токзорҳои серҳосил ба назар мерасад. Пахта ҳамчун ашёи хоми стратегӣ мавқеъи муайяни хешро пайдо намудааст. Вилояти Суғд бо 18 кишварҳои дуру наздик муносибатҳои тиҷориро ба роҳ мондааст.

Сипас, намояндагони кишварҳои иштирокчии Ярмаркаи V-уми байналмилалии савдо “Суғд-водии имконот 2018”  ва созмонҳои байналхалқӣ баромад намуда, ташкили чунин ярмаркаҳоро ба манфиати умум арзёбӣ намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати ҳамроҳонаш аз намоиши молҳои Ярмаркаи V-уми байналмилалии савдо “Суғд-водии имконот 2018” аз наздик шинос шуда, бо роҳбарон ва масъулин сӯҳбатҳои самимӣ баргузор намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар Ярмаркаи V-уми байналмилалии савдо “Суғд-водии имконот 2018” беш аз 320 нафар меҳмонони дохиливу хориҷи дуру наздик иштирок дошта, дар баробари журналистони дохилӣ зиёда аз 20 нафар рӯзноманигорони расонаҳои хориҷӣ чорабиниро инъикос менамоянд.

Таъкид намудан ба маврид аст, ки дар рӯзҳои баргузории Ярмаркаи V-уми байналмилалии савдо «Суғд-водии имконот 2018» ташкили Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ дар мавзӯи «Неруи содиротӣ ва рушди савдои байналмилалӣ», «Иқтидор ва имкониятҳои сайёҳии вилояти Суғд», муаррифии иқтидорҳои сармоя ва нақша-бизнесҳои соҳибкорони ҷавони Суғд дар доираи баргузории клуби мубоҳисавии «StartUp -Чойхона V», озмуни вилоятии «Маҳсулоти беҳтарин», муаррифии маҳсулоту лоиҳаҳо аз ҷониби иштирокдорон, вохӯриву суҳбатҳои рӯ ба рӯ ва мастер-классҳо байни намояндагони ширкатҳо, имзои шартномаҳо ба нақша гирифта шудааст.Меҳмонон баъди анҷоми ярмарка аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Хуҷанд боздид ба амал меоранд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд