(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади тарғиби фарҳанги либоспӯшӣ дар дармонгоҳи №6-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти масъулини шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр бо занони маҳаллаи Бофанда ва кормандони дармонгоҳ мазкур сурат гирифт.

Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд Муяссар Сангинова гуфт,ки оийини ҳар халқу миллат таьриху маданияти он маҳсуб меёбад, ки ҷузьи ҷудонашавандаи фарҳанг буду ҳаст. Халқи фарҳангиву тамаддунсози тоҷик аз қадим соҳиби фарҳанги воло буда, имруз низ он арзишҳоро ҳифз намуда,барои ояндагон ба мерос мегузорад. Рисолати мо аз он иборат аст,ки ин арзишҳои гаронбаҳоро ҳифз намоем, дар раванди таҷдид ва ташаккули онҳо саҳмгузор бошем. На балки ба либосҳои бегона пайравӣ намоем.

Зевар Бобоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷомеаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд зимни баромади хеш таъкид дошт, ки дар шароити кунунӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мо ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, бахусус фарҳанги либоспӯшӣ мебошад. Зеро имрӯз ба бар намудани либоси ғайр аз ҷониби занону духтарони тоҷик, ки хоси миллати мо нест, ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Бахусус либоси сиёҳ, ки дар урфу одати халқу миллати мо он мотамӣ арзёбӣ шудааст, бархе занону духтарон онро дарк накарда кӯр-кӯрона ба бар менамоянд. Мутаасифона бо ин кирдор мо аз либос, фарҳанг ва анъанаҳою асолати худ дур шуда, бехабар ба асорати фарҳанги аҷнабиён меафтем, ки ба тақдири ояндаи бисёр хатарзо аст.

Сипас байни иштирокдорону масъулини мулоқот суҳбати ошкорову самимӣ сурат гирифт. Иштирокдорони мулоқот таъкид доштанд, ки ин мавзуъи доғи рӯз буда, шеваи муборизаро алайҳи он ба василаи тафаккур ва андешаи мардум корбарӣ намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд