(2 овоз, миёна 3.00 аз 5)

altТибқи як қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади дар сатҳи баланд таъмин намудани талаботи қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни «Соҳибкори беҳтарини соли 2018» гуруҳи корӣ таъсис дода шуд.

Гуруҳи корӣ муваззаф гардидааст, ки баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани озмуни зикргардида нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, доир ба тарғиби соҳибкорӣ байни аҳолӣ, бахусус миёни ҷавонон, занону духтарон тадбирҳо андешад.

Дар пояи қарори мазкур, силсилаи иқдомҳои зиёд, аз ҷумла ташкили рӯзи ягонаи вохӯрии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо соҳибкорон, таъсиси маҳфили соҳибкорони ҷавон, ташкили семинарҳо ҷиҳати баланд бардоштани иқтидорҳои технологӣ ва идоракунии кормандони корхонаҳои хурду миёнаи шаҳр, баргузор намудани мизҳои мудаввар дар мавзуъҳои марбут ба тиҷорат, баланд бардоштани дониши ҳуқуқии соҳибкорон, ташкили мусоҳибақаҳои варзишӣ байни соҳибкорон, ҳавасманднамоии соҳибкорони бомасъулият дар иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, муаррифии минтақаи нави саноатии шаҳр барои соҳибкорон, ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои хурду миёна, муаррифии иқтидорҳои инвеститсионӣ ва содиротии шаҳри Хуҷанд ва ғайраҳо пешбинӣ гардидааст.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд