(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДирӯз як гуруҳи меҳмонони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии ҳокими ин вилоят Шӯҳрат Ғаниев бо мақсади иштирок дар чорабинии бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ҳамзамон шиносоӣ бо фаъолияти ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилояти Суғд ба шаҳри Хуҷанд ворид шуданд.

Нахуст меҳмонон аз фаъолияти Корхонаи навтаъсиси муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча - мебел”-и шаҳри Хуҷанд шинос шуданд.

Тавре, ки роҳбарияти ин коргоҳ иттилоъ дод, таҷҳизоти технологии замонавии корхонаи нав аз Туркия, Италия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст. Барои истеҳсоли маҳсулот 80 фоиз ашёи хоми ватанӣ истифода шуда, боқимонда аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла аз Федератсияи Россия, Белорусия, Туркия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид мегардад. Истеҳсолот дар ду бахш ба роҳ монда мешавад, дар бахши аввал мебел бо истифодаи профилҳои гуногуни оҳанӣ, верзалит барои муассисаҳои томактабӣ, таълимгоҳҳо, шифохонаҳо ва дар бахши дуюм бо истифодаи тахтачубҳои гуногун фурнитура ва дигар мебелҳои умумӣ, биноҳои маъмурӣ, маишӣ ва ғайра сохта мешаванд. Дар коргоҳи мазкур беш аз 50 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Иқтидори истеҳсолӣ дар 2 бахш пешбинӣ гардидааст.Номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда - мебелҳо барои муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимӣ ва таълимии махсус, муассисаҳои маишӣ, хонаҳои шахсӣ, муассисаҳои маъмурӣ, корхонаҳо ва дар оянда мебел барои муассисаҳои соҳаи тандурустӣ.

Меҳмонон изҳор доштанд, ки дар ояндаи наздик ҳамкории мутабқобилаи судманд бо корхонаи мазкур ба роҳ монда мешавад.

Ҳайати меҳмонони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамчунин ба корхонаи муштараки “Ҷавонӣ” ташриф оварда, аз раванди истеҳсолот ва содироти моли ин корхона ба хориҷӣ кишвар маълумот пайдо намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд