(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДирӯз ду нафар нафар муҳассилини литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд бо раҳнамоии роҳбарашон аз сафари Амрико бо ғолибият баргаштанд.

Хонандагони синфи 10-и литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд Мирзоамир Рафиев ва Акмал Ахмедов дар олимпиадаи байналмилалӣ ки дар шаҳри Нью-Йорк баргузор гардид, лоиҳаи худро аз фанни технологияи иттилоотӣ бо забони англисӣ ҳифз намуда, сазовори ҷойи 2-юм гардиданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ин олимпиада аз 72 давлати дунё, аз ҷумла 35 штатҳои Амрико, 2500 нафар хонандагон иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар соли хониши 2017-2018 дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 64 медал гардидааст.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд