(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТавре, ки иттилоъ дода будем, аз 19 то 24 июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ байни дастаҳои шиноварии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Дар мусобиқаи мазкур, ки дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии ба номи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” доир хоҳад шуд, варзишгарони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Туркманистон ва Федератсияи Россия иштирок менамоянд.

Чанд лаҳза пеш дастаи шиноварони Ҷумҳурии Туркманистон вориди шаҳри Хуҷанд шуданд. Дар даромадгоҳи шаҳр меҳмононро Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд истиқбол намуд. Меҳмонон зикр намуданд, ки маҳз ба шарофати баргузории чунин мусобиқаҳои байналмилалӣ риштаи дустии байни миллатҳо мустаҳкам гардида, дар оянда он боз ҳам равнақ дода мешавад. Тоҷикистону Туркманистонро умумиятҳои фарҳангӣ ва таърихии на чандон дури ягона бо ҳам пайваст менамоянд. Мо орзу доштем, к ибо бардарони тоҷики хеш мулоқот ва мусобиқоти дӯстӣ гузаронем ва ба он мушарраф ҳам шудем.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд