(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии ба номи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” маросими ифтитоҳии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ, ки байни дастаҳои шиноварии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад, сурат гирифт.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгарони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Туркманистон ва Федератсияи Россия дар майдони мусобиқот саф кашиданд.

Раиси вилоят Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими ифтитоҳии мусобиқа суханронӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки дар Тоҷикистон навъи варзиши шиноварӣ бо кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи сифатан нав бароварда шудаанд. alt Бунёди инфрасохтори ҷадиди ҷавобгӯ ба талоботи замони муосирии ин навъи варзишӣ шоҳиди ин гуфтаҳост. Иштироки варзишгарони маҳорати байналмилалӣ дошта, метавонад обруву эътибори кишвари моро дар ин намуди варзиш боз ҳам боло бардорад.

Муҳаммадшо Абдуллозода, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон низ баромад карда, ба иштирокчиён барор хост.

Бояд қайд намуд, ки мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ аз рӯи 16 қувваозмоӣ муддати 3 рӯз миёни мардону бонувон идома меёбад.

Сипас намудҳои гуногуни шиноварӣ аз ҷониби намояндагони кишварҳои ИДМ ба маърази тамошо гузошта шуд.

Баъдан қувваозмоӣ байни дастаҳо шуруъ гардид.

Бояд қайд намуд, ки мусобиқа аз рӯйи шартҳои зерин баргузор мешавад:

21 июн:

- 50 метр, батерфляй (мардону бонувон)
- 100 метр, озод (мардону бонувон)
- 50 метр, брасс (мардону бонувон)
- 400 метр, озод (мардону бонувон)
- 200 метр, пуштнокӣ (мардону бонувон)
- 4х100 эстафета, озод (мардону бонувон)

22 июн:

- 50 метр, пуштнокӣ (мардону бонувон)
- 200 метр, озод (мардону бонувон)
- 100 метр, батерфляй (мардону бонувон)
- 100 метр, брасс (мардону бонувон)
- 800 метр, озод (мардону бонувон)
- 4х100 метр эстафета, озод (омехта)

23 июн:

- 50 метр, озод (мардону бонувон)
- 200 метр, хазидан (крол) (мардону бонувон)
- 100 метр, озод (мардону бонувон)
- 200 метр, брасс (мардону бонувон)

Интизор меравад, ки маросими ҷамъбастии он 23 июн дар Маҷмааи азнавсозишудаи ҳавзҳои шиноварии ба номи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” баргузор гардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд