(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд мулоқоти аҳли ҷамоатчигии маҳаллаҳои Масҷиди Савр, Қорираҳмат Қурбонов, Раззоқ ва Чорчароғ ҷиҳати пешгирии зўроварӣ дар оила, ҷудошавии оилаҳо, рух додани ҳолатҳои номатлуб, аз ҷумла худкушӣ, сўйқасд ба он, ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм баргузор гардид.

Намояндаи шўъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд Муқаддас Шодибоева ҳадафи баргузории мулоқотро шарҳ дода, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар ҷомеаи имрӯза набояд бетарафӣ зоҳир намоем ва баҳри пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ аз тамоми василаҳо корбарӣ намоем. Ашхоси барӯманди маҳаллаҳо дар ин самт бояд фаъол бошанд.

Манзура Муъминова, намояндаи шўъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар мавзўъи “Пешгирии зўроварӣ дар оила” баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки зӯроварӣ дар оила - кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ мегардад. Ва дар навбати худ пешгирии зӯроварӣ дар оила - маҷмӯи чораҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии аз ҷониби субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила амалишаванда, ки ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд дар доираи муносибатҳои оилавӣ, ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, муайян ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда равона карда шудаанд.

Ҳамзамон, фаъолзани аъзои шўрои шўъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд Мастура Темирова доир ба фарҳанги оиладорӣ маърӯза намуд.

Сокинони маҳаллаҳо бо саволҳои мухталифи худ аз иштирокдорони мулоқот ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд