(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altАз 19 то 24 июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ байни дастаҳои шиноварии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Гуфта мешавад, ки дар мусобиқаи мазкур, ки дар Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии ба номи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” доир хоҳад шуд, варзишгарони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Туркманистон ва Федератсияи Россия иштирок менамоянд.

Маросими ифтитоҳии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ 21 июн ва маросими ҷамъбастии он 23 июн гузаронида мешавад.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки соли ҷорӣ Муассисаи давлатии "Ҳавзи шиноварӣ"-и шаҳри Хуҷанд бо дастур ва мусоидати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз таъмири куллӣ бароварда шуда, мавриди азнавсозӣ қарор гирифт. Имруз ин ҳавзи шиноварӣ қабои нав ба бар намудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд