(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt12 июни соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба минтақаи саноатии шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо ҷараёни васлу насби таҷҳизоти муосир дар корхонаи коркарди “Санги хоро” шинос гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, айни замон дар корхонаи мазкур корҳои васлу насби таҷҳизот идома дорад ва дар назар аст, ки иқтидори истеҳсолии корхона ба маротиб афзун карда шавад.

Раиси вилоят дар суҳбат бо роҳбарияти корхона иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёду фаъол намудани корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ  таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин раванд ҳар як иқдоми неки соҳибкоронро дастгирӣ менамояд. Таъкид гардид, ки ашёи хом барои корхонаи бунёдшаванда ба таври фаровон мавҷуд аст ва барои афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ва коркарди бештари санг бояд таҷҳизоти замонавӣ ва муосир ворид карда шавад.

Масъулини корхонаи коркарди “Санги хоро” бо изҳори қаноатмандӣ аз дастгириҳои давлатӣ қайд намуданд, ки ҷиҳати васеъ намудани доираи фаъолият ва таъсиси бештари ҷойҳои корӣ то соли 2019 тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.

Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд