(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Муассисаи давлатии «Маркази солимгардонии норасоӣ ва ҳифзи кӯдакон»-и шаҳри Хуҷанд чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Иди саиди Фитр таҳти унвони «Кӯдакон-ганҷинаи ҳастии миллат» баргузор гардид.

Аҳли тарбиятгирандагони ин Марказ бо шеъру сурудҳои ватандӯстонаю меҳанправарона дили ҳозиринро саршори муҳаббат намуданд. Рақсҳои ҷолиби гулдухтарон ва саҳнаҳои тарбиявӣ аз саҳифаҳои  зиндагӣ бо маҳорати баланд иҷро ва намоиш дода шуданд.

Муассисаи давлатии «Маркази солимгардонии норасоӣ ва ҳифзи кӯдакон»-и шаҳри Хуҷанд Тӯҳфанисо Эргашева  чорабиниро натиҷагирӣ карда аз ҷумла афзуд, ки «Мардуми шарифи Тоҷикистон дар рӯзҳои иду ҷашнҳо ва ҳам дар рӯзҳои дигар суннатҳои неки инсондӯстиву сулҳпарварии аҷдоди некноми худро идома бахшида, барои сулҳу суботи ҷовидона, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободиву тараққиёти Ватани азизамон ва оромиву осоиши ҳар як хонаводаи тоҷик дуои хайр мекунанд. Имрӯзҳо ба Муасиссиаи мо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, сарпарастон ва дигар ашхоси хайрхоҳ амалҳои савоби инсондӯстӣ ба иҷро расонида мешавад. Ҳамагон шукронаи онро менамоем, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наврасону ҷавонон пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Фазилат ва ҳикмати иди саиди Фитр, ки ҳамчунин муҳиму арзишманд мебошад, расидан ба қадри неъмат ва шукргузорӣ аз амну осиштагии сарзаминамон аст, ки бо ҷонфидоиҳои Пешвои миллат ба даст омадааст. Боварӣ дорам, ки як фарди огоҳу бедордил ва бонангу номус, аз ҷумла шумоён низ баъди ба камол расидан,  сабақҳои мактаби одамияти гузаштагони бузургамонро ҳамеша дар ёд дошта, барои сулҳу суботи ҷовидонаи сарзамини аҷдодӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободиву оромии Ватани азизамон ва осудагии ҳар хонаводаи халқи Тоҷикистон кӯшиш менамоед.

Бояд қайд намуд, ки Муассисаи давлатии «Маркази солимгардонии норасоӣ ва ҳифзи кӯдакон»-и шаҳри Хуҷанд тибқи Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 18 марти соли 2010 бо мақсади таълим, тарбия, солимгардонии руҳии кӯдакони ятим, бекас, аз назорати волидон дурмонда ва кудакони гирифтори норасоии руҳие, ки ба дастгирии иҷтимоии давлат ниёз доранд, таъсис дода шудааст, фаъолияти пурсамар дорад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд