(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Ҳамшаҳриёни азиз!

Иди саидро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба кулли ҳамдиёрони арҷманд муборакбод гуфта, имону ибодати комил, рӯзгори обод ва неъмати фаровонро таманно менамоям.

Дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон ҷаннати воқеии рӯи замин ва мардумонаш покнажоду боимонанд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки намозу ибодати аҳли диёр чун ворисон ва пайравони мазҳаби фарзанди фарзонаи миллат Абӯҳанифа Имоми Аъзам ҳамешагӣ намози шукронаву садоқат ба Ватан ва саодати ҷомеа хоҳад буд. Зеро танҳо бо орзуи хушбахтии халқ ва хизмати содиқона ба нафъи ҷамъият ҳар фард метавонад бар маснади бузургиву шукӯҳ, хонаободӣ ва муҳаббати илоҳӣ мушарраф гардад.

Таҷлили ин маросими динӣ пас аз як моҳи ниёишу махфират, покшавии ҷисму рӯҳ ва накукорию савобҳо ба ҳар хонадони тоҷикистонӣ хушнудию файзу баракоти зиёд меоварад. Дили инсонҳои комили боимонро лабрези шодию тараб гардонида, ба накӯкорию рафоқат ва эҳсону шафоат ҳидоят мекунад.

Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати истиқлолияти кишварамон, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо дар озодии виҷдон, дину ақида, адои маросимҳои суннатию динӣ ба имкониятҳои фаровон ноил гардид. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат дар арафаи ин моҳи мушарраф бо мақсади гиромидошти арзишҳои миллӣ ва фарҳанги исломӣ, ҳифзи манфиат-ҳои милливу давлатӣ боз ҳам устувортар намудани вазъи мӯътадили сиёсиву иҷтимоӣ мулоқоти судбахшу таърихӣ ороста таъкид доштанд, ки имрӯз дар Тоҷикистон барои иҷро кардани талаботи ислом ҳамаи шароитҳо муҳайё аст. Дар робита ба ин мардуми шукргузори шаҳрамон ин иқдоми Пешвои миллатро нек арзёбӣ намуда, баҳри пешгирии шомил-шавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ҷудоиҳои аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода бурда, баҳри расидан ба ҳадафҳои дар пешгу-зоштаи Роҳбарияти олии мамлакат дар самти ободиву равнақи Тоҷикистон саҳми худро мегузоранд.

Бузургтарин савоб дар ин росто хайру саховат ва олиҳимматист. Бузургони мо беҳуда нагуфтаанд, савоби навозиши дилшикастагон аз фазилати ҳаҷҷи акбар зиёдтар аст. Чун анъана дар рӯзҳои моҳи табаррук дастгирии мӯҳтоҷону ниёзмандон дар шаҳр дар сатҳи баланд қарор дошт. Таваҷҷӯҳу ғамхорӣ нисбати ятимону беморон ва бепарасторон бештар буд. Имрӯзҳо низ садҳо ҳамдиёрони арҷмандамон дар радифи маюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат кӯдакони ятиму бепарасторон бо маводҳои хӯрокаву кӯмакҳои моддӣ мавриди аёдат қарор гирифтаанд.

Ҳамзамон дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилоятамон, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1300 рӯзи ободонию созандагӣ эълон гардидааст, ки баҳри иҷрои ҳуҷҷати қабулгардида дар тамоми вилоятамон, аз он ҷумла дар Хуҷанди бостонӣ маҷмуъи зиёди корҳои бунёдкориву хуррамгардонӣ бо доир намудани шанбегиву ҳашарҳои умумишаҳрӣ вусъат дода шуда, иншооти гуногуни таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ ба истифода дода шуданд, бунёди садҳо сохтмонҳои аҳамияти миллӣ ва ояндабинӣ дошта идома дорад.

Ҳамшаҳриёни азиз!

Имрӯз дар рӯзи мубораки иди саиди Фитр, шукургузорӣ аз сулҳу суботи кишвар, ободиву осудагӣ ва ваҳдати миллию пешрафти давлати соҳибистиқлоламонро карда, минбаъд ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, инсондӯстӣ ва одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ҳидоят кунем, то онҳо ворисони арзандаю созандаи Ватан шуда, ба камол расанд.

Бо ҳамин умед бори дигар Иди саиди Фитрро бароятон табрик гуфта, орзу дорам, ки бигузор Худованд дуоҳои ҳамаи моро мустаҷоб гардонад, меҳрубони-ашро кам накунад, диламонро равшан, имонамонро комил ва қалбамонро аз меҳру шавқат лабрез намояд.

Ид муборак, ҳамшаҳриёни азиз!