(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои муҳим ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид, ки хатари он дар солҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 баръало мушоҳида гардид.

Солҳои охир зӯроварӣ, фишороварӣ, экстремизм ва терроризм барин мафҳумҳо зиёд ба гӯш мерасанд ва тавассути воситаҳои ахбори омма маълумотҳо расонида мешаванд.

Ифротгароӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Он асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда ба амнияти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла, ба Тоҷикистони азизи мо низ таҳдид мекунад. Террор содир намудани амалҳое мебошад, ҳки хатари маргро ба миён меоварад, мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ мебошад, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.

Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузургӣ иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Тоҷикистон, ки ҷанги  шаҳрвандиро аз сари худ гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори пойдору устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди терроризм  ва  экстремизм аст. Айни замон ба туфайли зуҳуроти аёну ноаёни терроризм ва  экстремизм дар ҷаҳон вазъияти сиёсӣ муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои андешидашудаи пайваста дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст.Аз ин рӯ, кишварҳои оламро зарур аст, ки дар якҷоягӣ алайҳи ин падидаи номатлуб муборизаи беамон баранд.

Алҳол дар ҷаҳон экстремизми сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ ва амсоли инҳо ба қайд гирифта шудааст. Экстремизми наврасон ва ҷавонон дар ифодаи қувваи зиёд, хушунат, таҷовуз ва куштор, адоват ба гуногунадеши ва амсоли он асос ёфтааст.

Экстремизми ахлоқӣ- таҳаммулнопазирии шадид ва навъи муайяни меъёрҳои ахлоқӣ ва қоидаҳои рафтор, роҳ додан ба зӯроварӣ барои таблиғи маҷмӯи талаботи маънавӣ, накӯкорӣ ва ахкоми диннӣ аст. Намунаҳои он танқиди бадахлоқӣ, суханони қабеҳ, пӯшидани либоси бегона мебошад.

Терроризм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ- сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунӣ вобаста мебошад.

Маҳз бо заҳмату талошҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо ҷавонони кишвар, ки дар муассисаҳои ғайриқонунии диннии мамолики хориҷа таҳсил мекарданд, ба Ватан баргардонида шуда, барояшон шароиту имконияти мусоиди таҳсил ва кору зиндагӣ муҳайё карда шуд.

Ин ташаббуси Роҳбари давлат барои пешгирии шиддати ифротгарӣ ва рафторҳои номатлуб дар байни ҷавонон мусоидат менамояд ва ҳавасмандии онҳоро барои пайгири кардани корҳои неку писандида афзун мегардонад.

Сулҳе,  ки  Пешвои  миллат,  Президенти  кишвар,  мӯҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Тоҷикистон  овард,  нодиртарин  ва  қиматтарин  неъмат  мебошад.  Ба  мо  зарур  аст,  ки  ин  ваҳдати  миллӣ  ва  сулҳро  чун  гавҳараки  чашм  ҳифз  кунем ва  ҳама  аз  як  гиребон  сар  бароварда  барои  ҳимояи  манфиатҳои  миллӣ  камар баста,  дар  муқовимат  ба  афкори  экстремистӣ,  террористӣ  муташаккилона мубориза  барем  ва  нагузорем,  ки  нохалафе  фазои  ороми  Тоҷикистони азизамонро  ғуборолуд  созад.

Мо  ҳамеша  бо  суханони  Пешвои  миллат,  мӯҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  пайравӣ  намуда,  терроризм  ва  экстремизмро  шадидан  маҳкум менамоем.   Ин   чунин,  барои  ҳифзи  якпорчагии  ин  Ватани   биҳиштосо  ҳамеша  омодаем  ва  сиёсати  хирадмандонаю   бунёдкоронаи  Пешвои  миллатро дастгирӣ  мекунем.

М. Ҳайдарова, омӯзгори фанни
 таърих ва ҳуқуқ 
МТМУ №8 ш.Хуҷанд.