(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСоли сеюм аст, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бобати фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ бо иқдоми Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ярмарка таҳти унвони «Интихоби мутахассисони арзанда» доир мегардад.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур нишон додани самараи фаъолияти маркази мартабаи донишкада ва робитаи онҳо бо корхонаву ташкилотҳо, ҳамчунин таъмин намудани корхонаҳо бо мутахассисони арзанда аз ҳисоби хатмкунандагони донишкада маҳсуб меёбад.

Барои дарёфти мутахассисони арзанда зиёда аз 45 коргоҳу ширкатҳо аз ҷумла, ширкатҳои сохтмонии «Тиниал», «Кедр», «Суғдшаҳрофар», «Равзана пласт», «Еврострой», «ПМК-15»  коргоҳҳои истеҳсолии «Дӯсти Амирхон», «САТН», «Хлебокомбинат», «Фаровон», «Файзи Расул», «Зерновая компания», «Зода», «Яхмоси 33» «Ҷавонӣ», «САТН», «Рохи абрешим» Ҷамъияти саҳомии «Сорбон», «Барқи тоҷик», «НБО Қайроққум» бонкҳои «Эсхата», «Матин», «Имон-интернешнл», «Арванд», «Спитаменбонк», ширкат доштанд.

Дар ярмарка ҳамаи кафедраҳои донишкада дастовардҳои илмию истеҳсолии худ, фаъолияти пойгоҳу озмоишгоҳо, мувафаққиятҳои собиқ хатмкунандагони худро пешкаши ҳозирин намуданд.

Дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур масъулин таъкид доштанд, ки бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани шаҳрвандон яке аз масъалаи муҳим ва омили пешравии иқтисод ва беҳбудии зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Ва ин нукта пайваста дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад. Соли гузашта донишкадаро 918 нафар хатм карда, тибқи маълумотҳои оморӣ зиёда аз 95 фоизи хатмкунандагон  сохиби ҷойи кори доимӣ гардиданд. Аз он ҷумла тариқи ярмакаи “Интихоби мутахассисони арзанда” зиёда аз 70 хатмкунандагон соҳиби ҷойи корӣ шуданд.

Донишкада имсол тасмим гирифт, ки бо роҳбарони ташкилоту корхонаҳо  силсиламулоқотҳо доир намуда, барои пешравии кор, робитаҳоро мустаҳкам намоем.

Зимни вохӯриҳо бо роҳбарони соҳаҳои кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, маҳсулоти хӯрока, энергетика, сохтмон ва меъморӣ мушкиливу муаммоҳо гуфта шуд. Таъкид гардид, ки ҷараёни таҷрибаомӯзиҳо тақвият мехоҳад.

Бояд дар назди коргоҳу муассисаҳо кафедраҳои наздидонишкадавӣ таъсис ёбанд, то дониши назариявӣ дар амалия санҷида шавад.

Гулчеҳра Наҷмиддинзода - сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Хуҷанд, Ҷумъабой Воҳидов- муовини сармуҳандиси шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд, Ахмедов Насимҷон-раиси кумитаи иттифоқи касабаи соҳаи сохтмон иқдоми пешгирифтаи донишкадаро дар самти бо ҷойи кор таъмин намудан нек арзёбӣ намуда, аз хатмкунандагон даъват ба амал оварданд, ки ба ҳамаи саволҳои худ аз ташкилотҳои кордеҳ посухҳои мушаххас гирифта, имкониятро хуб истифода баранд.

Сипас мулоқоти озоду шаффофи роҳбарони корхонаҳо бо хатмкунандаи донишкада дар аудитрияҳо сурат гирифт. Кордиҳанда, яъне ташкилоту корхонаҳо фаъолияти худро бо назардошти имкониятҳо ва афзалиятҳо тариқи видероликҳо нишон доданд, ва барои ишғоли вазифаҳои муайяншуда мутахассисони варзидаро интихоб намуданд.

Дар натиҷа зиёда аз 50 нафар хатмкунандагон худи ҳамин рӯз тариқи сӯҳбат тавонистанд пешаки худро чун корманд номнавис кунанд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд