(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр дар ҳамкорӣ бо занони фаъолу мақомоти дахлдор дар минтақаи бозори «Панҷшанбе», маркази савдои “Абдулазиз”, “Шарқ”, “ Тоҷир”, “Афросиёб”-и шаҳри Хуҷанд ҷиҳати эҳтироми либоси миллӣ, арҷгузорӣ ба суннатҳои қадимаи миллии мо, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳанги либоспӯшии ғайр пешгирии шомилшавии занону духтарон ба ҳар гуна ҷараёнҳои ифротӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ гузаронида шуд.

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки мутаасифона гуруҳе аз ҷавонону занон ғарбпарасту туркпараст ва хусусан арабпараст гардида, арҷгузорӣ ба либоси миллиро ба кӯйи фаромӯшӣ ниҳодаанд. Мувофиқи сарчашмаҳои қадима мардуми мо либоси зебои духтаронаю занона дошта ҳеҷ гоҳ сиёҳпуш набуданд, ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ набуд.

Бояд таъкид кард, ки тақлиди куркӯрона ва ғарбгароиву арабгароӣ моро аз асли худ бегона месозад. Чун аз асли худ бегона шавем худро намешиносему бегонапарвару хиёнаткор ба воя мерасем.Ин дар ҳолест, ки бархе масъулин ба ин амал чашмпӯшӣ менамоянд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз баромадҳояшон ба мақомоти дахлдор чунин супориш дода буданд: «Ба Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки якҷо бо тарроҳон тарҳи либосҳои намунавиро барои шахсоне, ки дар бозору фурӯшгоҳҳо, ошхонаву тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд, омода карда, истифодаи онҳоро зери назорат қарор диҳанд».

Мутассифона шахсони дахлдор ҷиҳати баратараф намудани чунин камбудиҳо фаъолияти назаррас надоранд.

Бояд қайд намуд, ки мардуми шарифи тоҷик, алалхусус занону модарони мо тайи садсолаҳо либосҳое мепӯшиданд, ки ба талаботи шариат ҷавобгӯ буда, урфу одати маҳаллӣ ва хусусиятҳои ҷуғрофиро ба инобат гирифта буд. Чунин тарзи либоспӯшӣ ҳоло ҳам дар занони куҳансоли шаҳр ва деҳоти Тоҷикистон ба назар мерасад: куртаҳои гиребондор, остиндароз, дар сар рӯймол ё дока. Бо дидани чунин либос дили одам ором мегирад, зеро чунин либос дар асл либоси модарони мову шумо аст.

Масалан, дар Афғонистон занон бештар либоси кабуди равшан мепушанд, дар кишварҳои арабӣ ранги дигар, ки ба иқлими минтақа мувофиқ аст истифода мебаранд. Чунонки қайд кардем, зан пеш аз ҳама модар аст, аксар вақт нигоҳубини кӯдак, омода намудани таъом, тозагии хонадон ва дигар вазифаҳои хоҷагидорӣ ба души зан аст. Бо назардошти ин ва дигар омилҳо аз кадимулайём занони тоҷик либосе мепӯшиданд, ки шинам бошаду ба фаъолияти меҳнатӣ халал нарасонад. Зеро мо халқе ҳастем, ки дорои тамаддуни қадим буда, бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ хоси мардуми мо нест.

Воқеан ҳам агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд. Ин боис мегардад, ки аз нодонӣ ва беназоратӣ иддае аз ҷавонони роҳгумзада дар Ироқу Сурия ба куштору роҳзанӣ машғуланд, иддаи дигар бошад ғофил аз фарҳанги миллӣ ба ғарбу шарқ, ба росту чап тақлид менамоянд.

Гузашта аз ин ҳар кас бояд дар вақти корӣ либосеро ихтиёр кунад, ки кас тавонад фурӯшандаро аз харидор, хизматрасонро аз мизоҷ фарқ кунад.

Озмунҳои ҷумҳуриявии «Чакомаи Гесу», «Иди Атлас», «Зебосанам» «Суруди Алла» ва амсоли онҳо дар тарғибу ташвиқи либоси зебои миллии тоҷикӣ накши асосӣ асосӣ бозида, тамоми мардуми кишвар хусусан падару модаронро хушдор медиҳад, ки дар тарбияи фарзандон ва оиди пӯшидани либосҳои зебои тоҷикӣ ба хатогиҳо роҳ надиҳанду, худшиносии миллиро аз ғарбпарастӣ боло гузоранд.

Маҷмуъан дар раванди бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати эҳтироми либоси миллӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои қадимаи миллии мо аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳанги либоспӯшии ғайр пешгирии шомилшавии занону духтарон ба ҳар гуна ҷараёнҳои ифротӣ  бо беш аз 20 нафар занон сӯҳбату машваратҳо гузаронида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд