(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мувофиқи моддаи 8 Конститутсияи мамлакат дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ дар асоси бисёрҳизбӣ сурат мегирад. Ягон мафакура аз он ҷумлаи ислом, ба сифати идеологияи давлатӣ эътироф карда намешавад.

Ташкилотҳои динӣ, ки тибқи қонун аз давлат ҷудо мебошанд, ба корҳои давлат дахолат карда наметавонад. Ин маънои онро дорад, ки дар Тоҷикистон ҳамчун давлати дунявӣ, муассисаҳои динӣ аз мақомот идавлатӣ ҷудо карда шудаанд ва имконият надоранд, ки ба мақомоти давлатӣ таъсир расонанд.

Барои мубориза бар зидди экстермизм дар баробари меъёри ҳуқуқии дар моддаи 8 Конститутсия омода инчунин, Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстермизм» (аз с.2003) ва мақомоти ҳуқуқии Тоҷикистон тамоми чораҳои қонуниро меандешиданд, ки мардуми кишварро аз экстермизм ҳимоя намоянд.

Дар шароити имрӯза ба амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ хатаре чун терроризм ва экстермизм ҳамчун ва боӣаср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои бошарият хатари на камтар аз салоҳиядро  ба миён овардааст.

Ин нуқта моро ҳушёр менамояд, ки баҳри мубориза бо ин зуҳуроти нангини аср ҷаҳду талоши бештар намоем.

Мутаассифона гурӯҳе аз шаҳрвандони мо бинобар паст будани маърифати динӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба гурӯҳҳои тундрав моил (будани маърифати динӣ) шуда истодаанд.

Мубаллиғони гурӯҳҳои террористӣ бо услуб ва шеваи хоси тарғиботии худ мардумро бо доми фиреб меафкананд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо қариб 1000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафҳои гурӯҳҳои террористии бо ном «Давлати исломӣ» дар Сурия ва Ироқ қарордоранд. То кунун даҳҳо тан ҷавонони роҳгумзадаи тоҷик дар ин даргириҳо кушта шудаанд. Аз сӯи дигар, фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар кишвари ҳамсоя Афғонистон, хусусан дар шимоли ин кишвар авҷ гирифтааст. Ин ҳама водор мекунад, ки масъалаи мубориза бо экстермизм ва пешгирии гаравидани ҷавонон ба ин гурӯҳҳо таваҷҷӯҳӣ махсус зоҳир шавад.

Баробари ин, ботаассуф бояд ёдрас намоем, ки имрӯз на ҳама ҷавонон ба қадри ин сарзамини бароямон муқаддас, ин обу хоки пок, ин кишвари зебоямон, Тоҷикистони азиз мерасанд. Чунончи аз рӯйи ахбороти коршиносон дар сафи «ДИИШ» 394 нафар сокини вилояти Суғд қарор доранд.

Доир ба амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандона ва ҳадафҳои созандаи роҳбарияти давлат, тарбияи ҷавонони худогоҳе, ки ба ҳар гуна равияҳо ва ҳизбҳои тундгаро ҳисси оштинопазир дошта бошанд, омӯзгорон нақши муосирдоранд.

Маъмурияти литсейи физикӣ – математикии №1
ба номи Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷан
д