(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон дар баробари таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон низ таваҷҷӯҳ зоҳир карда, иброз доштанд: «Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст».

Дар ҳақиқат ҳам вақтҳои охир аҳли зиёиёни мамлакат, адибону рӯзноманигорон, сиёсатмадорону омӯзгорон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар мақолаву вохӯриҳо,сӯҳбатҳо ва дар раванди таълим ҷавононро аз шомилшавӣ ба падидаҳои номатлуб дур созанд ва барои дарёфти роҳу усули решакан кардани ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ, ки аз амалҳои зиддиинсонист, мубориза баранд.

Мутаассифона, дар замони мо гаравидони зумрае аз ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ба назар мерасад, ки дар ҳақиқат аҳли ҷомеаро ба таҳлука андохтааст.

Ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ-террористӣ ҷиноятҳоеанд, ки ба муқобили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сохти конститутсионӣ, низоми сиёсии мамлакат, ягонаӣ ва бехатарии ҷомеа равона гардадаанд.Ифротгароён ва хусусан, пайравони гурӯҳи террористӣ барои таблищу ташвиқи андешаҳои ботили худ аз воситаҳои муосири иттилоӣ васеъ истифода мебаранд. Баъзе ҷавонон бар асари донишу биниш ва тарбияи нокомил фирефтаву раҳгумзада мешаванд ва ба нокомию шикастҳои зиёд бархӯрдор мегарданд. Ана ҳамин дониши пасти сиёсию динӣ ва ҳуқуқии ҷавонон аст, ки терроризм, ифротгароӣ ва амалиёти ҳаракатҳои тундраву хиёнатпеша дар ҷаҳони имрӯза пайваста кӯшиши доман паҳн намудан мекунанд. Яке аз асоситарин воситаҳои ҳимояи ҷавонон аз терроризм ва неруҳои ифротгаро тарбияи ватандӯстӣ ва инсондӯстии ҷавонон мебошад. Шахси ватандӯсту инсондӯст ва саводи комили динӣ дошта, ҳеҷ гоҳ ба Ватани худ хиёнат намекунад ва ҳеҷ гоҳ ба қатли инсон даст намезанад.

Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.

Тарбияи ватанпарастии насли наврас яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва мубрами ҷомеа ба шумор рафта, муваффақшавӣ ба ҳадафҳои он ба омилҳои зиёд вобаста аст. Дарки онҳо на танҳо вазифаҳои сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди ватанпарасти кишвар ҳам мебошад.

Дар ин ҷода бояд ҳам таҷрибаи таърихӣ, ҳам дастовардҳои имрӯзаи кишвари соҳибистиқлоли хешро ба назари эътибор гирифта онро тарщиб намуд. Ҳисси муҳаббат ба халқу Ватани маҳбуб, дифои ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси Ватан, шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва оромию осудагӣ дар кишвар ҳеҷ як ҷавонро ба доми фиреби ифротгароён нахоҳад кашид.

Ҳар як тадбир ва корнамоиву қаҳрамониҳои Пешвои миллат ба ҷавонони имрӯза дарси ҳаёт, ифтихор ва дӯст доштани Ватанро талқин намуда намунаи ибрати ватандӯстӣ ва дарки баланди инсондӯстист.  Эмомалӣ Раҳмон аз он сарвароне ҳастанд, ки ҳастии хешро барои мардум ва зиндагии шоистаи вай бахшидаанд.

Хизмати бузурги он кас дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар пойдории сулҳу ваҳдат ва рушди бемайлони кишвар беҳамтост. Аз ин рӯ муаррифӣ ва тарщиби асарҳои он кас, нақлу ҳикоятҳо аз хизматҳои бебаҳои Пешвои муаззами миллатамон ба тарбияи ватандӯстию хештаншиносӣ, маънавию, ахлоқии ҷавонон басо нақши муҳим хоҳад бозид.

Ин гуфтаҳо мо омӯзгоронро водор месозад, ки пеш аз ҳама бо ташкили дарсҳои тарбиявӣ насли ҷавонро дар руҳияи ватандӯстӣ, арзишҳои миллӣ ва ифтихор аз ватану ватандори Истиқлолияти давлатӣ тарбия намоем.

МТМУ №26-и шаҳри Хуҷанд