(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБа ифтихори эълон шудани соли 2018 – «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо дастгирии сафоратхонаи Ҷумҳурии мардумии Чин ва бо мусоидати Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар назди кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд маркази таълимию дӯзандагӣ ташкил гардид.

Ба ин муносибат субҳи имрӯз бо иштироки муовини Раиси ҲХДТ Раъно Маҳмудзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, раиси кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Сарфароз Фаттоҳзода ва раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Наим Маликисломӣ бо доираи васеи ҳунармандони шаҳр маросими ифтитоҳи маркази мазкур сурат гирифт.

Зимни вохӯрӣ бо занони хонашин таъкид гардид, ки минбаъд бо мошинаҳои чокдӯзии тӯҳфанамудаи сафоратхонаи Ҷумҳурии мардумии Чин, ки 17 ададанд, занони хонашин ва бешуғл метавонанд ба касбомӯзӣ машғул шуда, шароити иҷтимоии хешро беҳтар намоянд.

altДар рафти чорабинӣ меҳмонон аз растаҳои ҳунарии аҳли ҳунармандони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд дидан намуда, ба намоиши либоси миллии аз адрасу атлас дӯхташуда, зардӯзиву, нақшгарӣ, қолинбофӣ, пойафзолдӯзӣ, хӯрокҳои миллӣ таваҷҷуҳи бештар карданд. Зикр гардид, ки таъсиси чунин марказҳо барои пешрафти кори ҳунармандон мусоидат хоҳанд кард.

Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ Наим Маликисломӣ раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд зикр дошт, ки ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагии имрӯза бори дигар аз сиёсати дарҳои кушод ва таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати кишвар нисбати аҳли ҷомеа дарак медиҳад. Тадбири мазкур барои дар сатҳи баланд доир намудани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои мо ҳизбиён таккони ҷиддие ҳоҳад бахшид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни суханронӣ таъкид дошт, ки дар остонаи таҷлили иди шукуҳманди солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ва эълон шудани соли 2018 – «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ифтитоҳи боз як коргоҳи истеҳсолии дӯзандагӣ дар назди кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро, ки бо мусоидати сафоратхонаи кишвари ба мо дӯсту ҳамсояи Ҷумҳурии мардумии Чин рӯи кор омадааст, барои кулли ҳизбиён ва сокинони шаҳри Хуҷанд фоли нек аст.

Маъруф Муҳаммадзода афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолии худ таҳти сиёсати бомувафаққонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар симои давлати бузурги Чин шарики стратегии худро дида, давоми беш аз 27 соли робитаҳои дипломатӣ садҳо барномаҳои муштарак рӯи кор омадааст. Мо хуб медонем, ки робитаи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон бо ҳизби Коммунистии Чумҳурии мардумии Чин дар сатҳи олӣ ба роҳ монда, ҳамасола роҳбарону масъулони ҳизб аз кору фаъолияти якдигар дидан намуда, таҷрибаи пешқадамро дар ҳаёти ҳизбӣ ҷорӣ месозанд.

Ба таъкиди Раиси шаҳри Хуҷанд ифтитоҳи коргоҳи истеҳсолии дӯзандагӣ дар шаҳри Хуҷанд самараи ҳамкориҳои мутақобилаи ду давлат буда, бо дастгирии сафоратхонаи Ҷумҳурии мардумии Чин чунин коргоҳҳои истеҳсолӣ дар дигар минтақаҳои кишвар низ дар назди кумиҷроияҳо таъсис ёфтанд. Ба фаъолият шурӯъ намудани коргоҳи мазкур барои таъмини ҷойи корӣ, баланд бардоштани вазъи иҷтимоии занони хонашин ва ниҳоятан дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ армуғони хубе хоҳад буд барои занону бонувони мо.

Маъруф Муҳаммадзода қайд кард, ки дар сатҳи давлат ва Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани нақш ва мақоми занон дар ҷомеа корҳои бузургу созанда роҳандозӣ менамояд. Бо ибтикори Пешвои муаззами миллат таъсиси озмуни ҷумҳуриявии «Фараҳ» беҳтарин занони ҳунарманди кишварро ба ҳам оварда, ҳамчунин бо гирифтани грантҳои Сарвари давлат, Раиси вилоят ва Раиси шаҳр солҳои охир сафи занони ташаббускору ҳунарманд дар кишвар ба маротиб боло рафт. Маҳз шароиту имконият фароҳам овардан барои коҳиши бекорӣ, баланд бардоштани вазъи иҷтимоӣ ва ниҳоятан барои боз ҳам хубтар гардидани маърифати сиёсиву ҳуқуқи занон мусоидат намуд.

Раъно Маҳмудзода, муовини Раиси ҲХДТ зимни суханронии худ қайд кард, ки дар доираи ҳамкории Кумитаи иҷроияи Марказии ҳизб бо сафоратхонаи Ҷумҳурии мардумии Чин чунин марказҳои таълимиву дӯзандагӣ дар се минтақаи ҷумҳурӣ – шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Кушониён ва шаҳри Хуҷанд таъсис ёфт ва ин ташаббус минбаъд идома хоҳад ёфт. Зеро дар Барномаи ҲХДТ рушди соҳаи иҷтимоӣ дар мадди аввал қарор дошта, ҳадафи ҳизб баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занон ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти онҳо мебошад.

Наим Маликисломӣ, дар ҷамъбасти чорабинӣ сипосмандии кулли ҳизбиёни шаҳрро ба сафоратхонаи Ҷумҳурии мардумии Чин ва дастгоҳи КИМ ҲХДТ баён дошта, бори дигар аз дастгириҳои давлат ва Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, кумитаи иҷроияи марказӣ ва вилоятии ҳизб ёдовар шуда, қайд кард, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо кӯшиш мекунем, ки саҳми худро дар баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқ ва маънавиёти сокинон гузорем.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд