(2 овоз, миёна 2.50 аз 5)

altСубҳи имрӯз Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найнхарт Хёфер –Виссинг дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Хуҷанд, ба муассисаи таълимии ғайридавлатии хусусии гимназияи Гёте ташриф овард.
Хонандагони ин муассисаи таълимӣ баъди пазироии Сафир, барномаи фарҳангиеро барояш тақдим доштанд.

Муҳассилини муассисаи таълимии ғайридавлатии хусусии гимназияи Гёте барномаеро дар шакли «нишасти матбуотӣ» бо ҳузури масъулини давлатӣ ташкил намуда, доир ба имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони олмонӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин аз ҷониби хонандагон суруду таронаву саҳнаҳои ҷолиб дар васфи Тоҷикистон, Ватан, Дӯстӣ ва ғайраҳо хонда шуд.

Фирӯза Каримова, директори муассисаи таълимии ғайридавлатии хусусии гимназияи Гёте ба Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найнхарт Хёфер –Виссинг барои ташрифаш арзи миннатдорӣ намуда, аз дастовардҳои муассиса маълумот дод.

Сипас, Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найнхарт Хёфер –Виссинг ба 12 нафар ғолибони озмунҳои байналмилалии муассиса, ки дар сли хониши 2017-2018 мушарраф гардидаанд, сертификат ва дипломҳоро тақдим намуд. Ҳамчунин ба омузгорони пешқадам туҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Сипас байни хонандагон ва сафир мубодилаи афкори озод сурат гирифт. Найнхарт Хёфер –Виссинг, гуфт ки солҳои охир таваҷҷуҳи олмониҳо ба кишвари зебоманзари Тоҷикистон афзуда истодааст. Хусусан соли ҷорӣ, ки «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст, ин имкон медиҳад, то сафи олмониҳои сайёҳ дар ин кишвари биҳиштосо бештар шавад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд