(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altТибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд директори генералии КВДК «Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ»  Даврон Шокиров таъин гардид. Мавсуф дар ин маснад Иброҳим Қаландаровро, ки бо хоҳиши худ аз вазифа рафтааст, иваз намуд. Даврон Шокиров то ин дам масъулияти роҳбарии ободонии «Соҳили чап»-и шаҳри Хуҷандро бар дӯш дошта, солҳои зиёд дар сохтори роҳбарикунандаи КВДК «Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ»  кору фаъолият менамуд.

Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни муаррифӣ ва вазифагузории роҳбари нави КВДК «Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ» бо иштироки кормандони соҳа гуфт, ки ободонӣ ва сарсабзу хуррам гардонидании шаҳрамон, таъмини беҳбудии рӯзгори мардум ва болида сохтани рӯҳияи онҳо ба сатҳу сифати хизматрасонии кормандони соҳаи манзилию коммуналӣ вобастагии калон дорад. Саҳми кормандони соҳа баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои шаҳрӣ ва ҳам вилоятӣ басо арзанда буда, тозагию ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, кабудизоркунию гулзоркунӣ ва чароғонкунии кӯчаю хиёбонҳои шаҳр аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кормандони ин соҳа ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, бо назардошти масъулияти баланд бо такя ба таҷрибаи бисёрсолаи хеш роҳбари нав баҳри ободонии шаҳри бостонии Хуҷанд саҳмгузорӣ намояд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд