(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз баъди нисфирӯзӣ Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найнхарт Хёфер –Вессинг ба шаҳри Хуҷанд ташриф меорад.

Сафир дар доираи сафари худ аз муассисаи таълимии ғайридавлатии хусусии гимназияи Гётеи шаҳри Хуҷанд, ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон «Гулрухсор», кафедраи забони олмонии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров боздид ба амал меорад.

Ҳамчунин дар доираи ташрифи худ Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Найнхарт Хёфер –Вессинг бо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндагони аққалияти миллии Олмон мулоқот анҷом медиҳад.

Дар барномаи сафари кории Найнхарт Хёфер –Вессинг баргузории мизи мудаввар дар мавзуъи «Хушунати оилавӣ ва ҳуқуқи инсон» бо намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, маросими кушодашавии маркази қабули ҳуҷҷатҳо барои раводиди Олмон, боздид аз Маҷмааи таърихию фарҳангии «Боғи Камоли Хуҷандӣ» ва Маҷмааи таърихию фарҳангии «Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд ба назар гирифта шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд