(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шиногоҳ ба истифода дода шудБаъди иштирок дар тантанаҳои Рӯзи кӯдакон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар вазъияти тантанавӣ шиногоҳи соҳили дарёи Сир, воқеъ дар кӯчаи Сирдарёро баъди азнавсозӣ ба истифода доданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки шиногоҳ ҳанӯз замони собиқ Шӯравӣ фаъол буда, беш аз 20 сол инҷониб бинобар номутобиқатӣ ва хатарнок буданаш шаҳрвандон аз он истифода намебурданд. Мушкилоти аз кор мондани шиногоҳ ва ғарқшавии шаҳрвандон дар 20 соли охир ба мавзуъи асосии расонаҳои кишвар мубаддал гардида буд.

Хушбахтона бо дастур ва дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ин шиногоҳ дуюмбора фаъол ва ройгон ба шаҳрвандон ба истифода дода шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нахуст аз вазъи бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд шинос гардида, ба роҳбарияти он ҷиҳати кӯмаки фаврии шаҳрвандон ва хусусан нафароне, ки ба шиногоҳ меоянду маҳорати оббозиро надоранд, дастуру супоришҳои мушахас дод.

Иттилоъ дода шуд, ки бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо таҷҳизоти муосири зудамал таъмин буда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон он харидорӣ карда шудаанд. Дар бахш заврақҳои моторӣ, резинӣ, гидросикли обӣ, киштӣ барои бурдани назорати патрулӣ, автомашинаи махсуси наҷотдиҳӣ, садамавӣ-наҷотдиҳӣ, ғаффосӣ барои бурдани корҳои рӯйи обӣ ва зериобӣ мавҷуд буда, ҳамарӯза 10 нафар кормандони бомаҳорат тибқи нақша фаъолияти навбатдориро ба роҳ мемонанд.

altРоҳбари вилоят зимни суҳбат бо мардуми маҳалли шиногоҳ омада, иттилоъ дод, ки бистсолаи охир бори аввал чунин шиногоҳ дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади истироҳату таъмини зиндагии шоиста ба мардум мавриди истифода қарор мегирад ва ин охири кор набуда, дар зудтарин фурсат дар шаҳри Хуҷанд боз ду шиногоҳи азкормонда барқарор карда мешавад. Ҳамчунин барои кӯдакон ҳавзҳои сунъӣ сохта мешаванд. Шиногоҳҳо бо назардошти меъёрҳои байналхалқӣ бунёд ва на фақат барои шаҳрвандони Тоҷикистон, балки барои хориҷиён низ пешбинӣ мегардад. Зеро нури офтоби Тоҷикистон беҳтарин василаи табобат барои шаҳрвнадони хориҷӣ арзёбӣ шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шиногоҳ ба Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ доданд, ки дар шиногоҳ майдонҳои истироҳату фароғат низ фароҳам оварда шудааст. Майдончаи волейбол, мизи теннис ва дигар бозиҳои варзишӣ ташкил ва мардум машғули бозӣ буданд.

Бояд қайд намуд, ки майдони шиногоҳ беш аз 5 гектарро ташкил дода, барои азнавсозии он беш аз 200 ҳазор сомонӣ маблағҳо харҷ гардидааст. Дар шиногоҳ соябонҳои истироҳатию обутобдиҳӣ, ҳуҷраҳои ивази либос ва дигар эҳтиёҷоти шиногоҳ муҳайё карда шудааст. Роҳбари вилоят бо истироҳаткунандагон бозии теннис намуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дастур дод, ки барои фароғати шаҳрвандон нуктаҳои савдо бештар карда шуда, ҳамзамон ҷиҳати таъмини инфрасохтори шиногоҳ тадбирҳо андешида шавад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд