(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Иштироки Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинии идонаи «Хонаи кӯдакон»Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба Муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи  табобатии «Хонаи кӯдакон»-и шаҳри Хуҷанд рафта, кӯдаконро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кўдакон табрику таҳният гуфта, тӯҳфаҳо тақдим намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ гуфт, ки бо саъю талоши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони ятиму бепарасаторон ва маъюбу танҳо пайваста ғамхорӣ зоҳир кардам мешавад. Пешвои миллат борҳо таъкид медоранд, ки ««Кўдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рўзгори ҳар як падару модар мебошанд».

Роҳбари вилоят афзуд, ки дар навбати худ Шумоён мураббиёни хушбахти замони Истиқлолият мебошед, ки дар ин замони осоишта, ба амри дил ба ин кори хайр шабонарӯзӣ заҳмат мекашед. Ин фарзандоне, ки шумоён тарбият медиҳед, оянда номбардори миллату Ватан буда, садоқатмандии хешро нишон медиҳанд.

Барномаи рангини аҳли тарбиятгаарони «Хонаи кӯдакон» табъи ҳозиринро болида намуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муассисаи «Хонаи кӯдакон» яхдон, чангкашак ва дигар тӯҳфаҳои арзишманд тақдим дошт.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд