(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Кӯдакон ба мактаб омода мешавандБаҳри самарабахш омода намудани кӯдакон ба мактаб ва санҷиши дониши онҳо дар гуруҳи омодагии муассисаи таҳсилоти томактабии №16 ба мактаб чорабинии идона бахшида ба Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ машғулиятҳо аз қабили шиносоӣ бо муҳит, тасаввуроти оддитарини математикӣ ва саводомӯзӣ гузаронида шуд. Кӯдакон шаклҳои гуногуни геометрӣ, рақамҳо, чистонҳо, зарбулмасалу тезгӯякҳо, инчунин сохтани ҷумлаю ба ҳиҷо ҷудо намудани калимаҳо, садоноку ҳамсадо будани ҳарфҳоро ба маърази тамошо гузоштанд. Аъзои маҳфили «Доиранавозон»-и кӯдакистон бо маҳорати баланд истеъдоди хешро нишон доданд.

Аз тарафи дустрӯякон саҳнаҳои ҷолиб, аз қабили «Варзишгар» бо чашмони баста, истеъмол намудани сабзавот ва дарёфти номи он, муайян намудани ҳайвони хонагӣ аз ваҳшӣ, омода намудани ҷузвдони мактаб, рақсҳои ҷолиб иҷро карда шуд.

Дар анҷоми чорабинӣ мудири муассисаи таҳсилоти томактабии №16 Мавзуна Самадова барои ташкили чунин маҳфили тарбиявӣ ба мураббиёни муассиса арзи миннатдорӣ намуда, файзу шукуҳи нишастро аз сиёсати маорифпарварони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карда, аз ҷумла таъкид дошт, ки мо бояд ҷавобан ба ин ғамхориҳо баҳри тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва садоқат ба Ватану Президент азм намоем. Зеро тарбия ва камоли ҷомеаи солим ба рушди давлатдории миллии мо оварда мерасонад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд