(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Маросими савгандёдкунии абармардони ВатанДар майдони назди нимпайкараи Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Домулло Азизов, воқеъ дар маҳаллаи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Хуҷанд маросими савгандёдкунии сарбозони  Филиали хуҷандии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури мушовири Вазири мудофиаи мамлакат генерал-майор Аъзам Қосимов, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Абдуқаюмзода, волидайни сарбозон, муҳассилини мактаби таҳсилоти ҳамагонии шаҳр  баргузор гарди.

Чорабинии  мазкур бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, сарбозон бо навбат баҳри хизмати содиқона ба Ватану миллат қасам ёд намуданд.

Ҷамшед Абдуқаюмзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба муносибати савгандёнкунии наваскарон ироа намуда, аз ҷумла қайд кард, ки “Таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат,  Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар марҳилаи рушд қарор гирифта, рӯзгори мардум обод гашта, халқ шукри осмони софу мусаффо ва сулҳи бебозгашт карда, ба ояндаи дурахшон дилпурона назар меандозанд. Хизмат ба Ватан баробари хизмат ба модар аст. Имрӯз дар ҳаёти наваскароне, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои нахустини худро гузошта истодаанд, яке аз саҳифаҳои хотирмон ва дурахшонтарини  хизмати ҳарбӣ ба ҳисоб меравад. Зеро онҳо садоқатмандонаву ботантана ба халқи худ ва Сарвари давлат савганд ёд мекунанд.

Ҷамшед Абдуқаюмзода афзуд, ки аввалин қарзи Шумо ҷавонмардон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имрӯз Шумо  наваскарон сарбаландона баҳри орому осудагии ҳалқ  ихтиёрӣ сафарбар гардида истодаед. Шодиву суруратон аз он шаҳодат медиҳад, ки  сол аз сол ҳисси меҳанпарастии ҷавонон баланд шуда, Шумо дар тақдири давлатдории навини  тоҷикон  бетараф нестед. Имрӯз  Ҳукумати  мамлакат доир ба масъалаҳои таъминоти моддӣ ва мустаҳкам гардонии  иқтидори мудофиавии Қувваҳои  мусаллаҳи кишварро  таҳти таваҷҷӯҳи  хоса қарор додааст. Зеро Артиши миллӣ сипари тавоно  ва кафили  осудагиву амния-ти мамлакат маҳсуб меёбад.

Сипас волидайни сарбоз аз ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон Маҳмадсаид Алламуродов, наваскар Хусрав Ҳафизов аз ғамхориҳои Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди инфрасохтори муосири ҳарбӣ ва муҳайё намудани шароити беҳтарин барои будубошти аскарону афсарон миннатдорӣ баён намуда, хизмат ба Ватанро дарси олии меҳанпарастӣ унвон намуданд.

Бо гузашти низомӣ чорабинӣ ҳусни анҷом пазируфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд