(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Маҳфили 95 солагии «Таронасози муҳаббат»Дар китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ маҳфили ёдбуд бахшида ба 95 солагии шоири лирик ва сарояндаи ишқ Аминҷон Шукуҳӣ таҳти унвони «Таронасози муҳаббат» бо иштироки пайвандон, мухлисон ва аҳли илму адаб баргузор гардид.

Шоири халқии Тоҷикистон, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод маҳфилро оғоз намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки  Аминҷон Шукуҳӣ дар адабиёт чун шоири сарояндаи ишқи пок, хеле ҳассос, инсони саропои вуҷудаш саришта аз меҳру муҳаббат, инсоне, ки як умр мехост ба инсонҳо аз роҳи маънавиёт ва иҷтимоиёт мадад кунад ва имрӯз ин корро ҳар сатри вай адо мекунад, ҷойгоҳи баланде дорад. Устод Шукуҳӣ ҳамчун шоири лирик нотакрор ҳаст. Беш аз 100 шеъри лирикии ӯро дар мавзӯъҳои муҳаббати Ватан, дӯстӣ, ишқ оҳанг баста, ҳофизони тоҷик месароянд ва барои сурудҳояш Шукуҳӣ дар соли 1965 ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ дарёб кардааст.

Сипас, Тоҷибой Султонзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, адибон  Маъруф Бобоҷон, Дадохони Эгамзод ва дигарон баромад намуда, аз фазилатҳои нек ва хидматҳои Аминҷон Шукуҳӣ дар рушди адабиёти тоҷик ҳарф заданд.

Бояд қайд намуд, ки Аминҷон Шукуҳӣ баҳори соли 1923 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд (ҳозира Бобоҷон Ғафуров) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Хатмкардаи курси омӯзгорӣ ва дар соли 1955 факултаи журналистикаи мактаби олии ҳизбӣ дар шаҳри Маскав аст. Вазифаҳои муовини сардабири рӯзномаҳои «Ҳақиқати Ленинобод» (ҳозира «Ҳақиқати Суғд»), «Тоҷикистон советӣ» («Ҷумҳурият»-и кунунӣ), котиб, муовини раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аз соли 1967 то 1976 раиси кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистонро ба дӯш доштааст. «Суруди чашма», «Ватани сулҳ», «Нафаси гарм», «Кӯчабоғи ошиқон», «Чормағз», «Шаҳло ва Шифо» (бо ҳаммуаллифии Ҳилолиён Аскар), «Об аз куҷо меояд?», «Асад ва Самад» аз ҷумлаи осори назмиву насрии Шукуҳӣ аст. Бархе асарҳои Шукуҳӣ ба русӣ ва забонҳои дигар тарҷумаву нашр шудаанд. Чанд сол пеш повести  «Об аз куҷо меояд?» дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба англисӣ баргардон шуда, аз чоп баромад.

Сипас, хонандагони мактаб аз эҷодиёти Аминҷон Шукӯҳӣ намунаҳо қироат намуданд.
Каримҷон Ҳоҷибоев, писари Аминҷон Шукуҳӣ, ки солҳои зиёд аст дар ИМА ба сар мебарад аз ташкили чунин маҳфил ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Мақомоти иҷроияи ҳокмяти давлатии шаҳри Хуҷанд изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки «Падарам дар ҳалқаи аҳли оилаи худ, ҳамсару фарзандонаш хушбахт буд. Шумо медонед, барои як марди миёнаҳоли тоҷик атрофи худ як оилаи хубу хушбахт доштан чӣ қадар мояи ҳастиву ифтихор аст. Сарчашмаи саодату илҳоми падарам ҳам оила буд».

Каримҷон Ҳоҷибоев дар поении маҳфил китоби «Луғати англисӣ-русӣ-тоҷикӣ»  иборат аз  1000 саҳифа ва повести «Об аз куҷо меояд?», ки бо забони англисӣ тарҷума шудааст ба бахши суғдии Иттифоқи нависандагон тақдим намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд