(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Маросими видоъ бо Абдуқодир ЗоҳидовДирӯз дар шаҳри Хуҷанд маросими видоъ бо номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Зоҳидов сурат гирифт. Дар маросими видоъ сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода иштирок ва номаи тасаллияти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба аҳли пайвандону наздикони марҳум расонд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар маросими видоъ иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки аҳли илму фарҳанг ва ҷомеаи шаҳрвандии шаҳри Хуҷанд талафоти калон дид. Яке аз чеҳраҳои намоёни илму фарҳанг ва маорифи кишвар, ки беш аз ним аср инҷониб бо талошу пайкорҳои пайгиронаи хеш дар рушду такомули забоншиносии муосири тоҷик ва нақди адабии он саҳми барозанда гузоштанд, донишманди фозил ва инсони комил, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон устод Абдуқодир Зоҳидов имрӯз дигар дар байни мову шумо нестанд. Абдуқодир Зоҳидов  аз шумули олимоне буданд, ки фаъолияти таълимиро бо ҷустуҷӯҳои илмӣ пайваста идома медоданд, зеро шуғли ҳамешагӣ бо илм аз машғулиятҳои беҳтарини ин абармард буд. Ба қалами устод теъдоди зиёди китобу асарҳои илмӣ мансуб мебошанд, ки онҳо ба нақду баррасии паҳлуҳои гуногуни забоншиносӣ бахшида шудаанд. Устоди равоншод махсусан бистсолаи охир дар риштаҳои мухталифи забоншиносӣ асарҳои зиёди илмию тадқиқотӣ таълиф ва эљод намуда, масъалаҳои зиёди омӯхтанашударо мавриди мулоҳиза ва баррасӣ қарор додаанд. Зиндаёд нисбати шогирдон бисёр сахтгир ва дар як вақт мулоимтабиат буданд. Ин буд, ки шогирдон ҳамеша ҳурмати эшонро ба ҷой оварда, дар маҳфилу нишастҳо аз хизматҳои шоёни устоди хеш ҳарф мегӯянд.

Раиси шаҳр гуфт, ки равоншод маҳорати баланди сухандонӣ доштанд. Забону услуби равони сирф тоҷикӣ доштанд ва онро то дами вопасини умр ҳангоми таълиму тарбия ба шогирдон таблиғ мекарданд. Худ намуна барои донишомӯзон буданд. Ҳусни маънӣ ва нерӯи сухани устод Абдуқодир Зоҳидов хислатҳои неки инсонӣ ва шукӯҳу рифъати дониш, ки дар шахсияташон фароҳам омадаанд, музайян мегардонанд. Тамкину субот, хоксориву тавозӯъ, шарму ҳаё, ҳалолкориву ҳақгӯӣ, болотар аз ҳама, камоли фардиашон  меҳрашонро дар дили дӯстону ҳамкорон ва пайвандону шогирдон гармтару фурӯзонтар сохтаанд.

Сипас, ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷамшед Ҷӯразода, дотсент Саидмурод Ҳоҷиев ва дигарон аз хислатҳои накӯи Абдуқодир Зоҳидов суханҳо гуфтанд.

Бо хондани намози ҷаноза устод Абдуқодир Зоҳидовро ба роҳи охират гусел намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд