(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Оғози мумфаршкунии кӯчаи СирдарёСубҳи имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, сокинони маҳаллаи «Навбаҳор», фаъолони шаҳр ба корҳои мумфаршкунӣ ва азнавсозӣ дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд ҳусни оғоз бахшида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қабл аз оғози маъракаи мумфаршкунӣ назди ҳозирин баромад карда, аз ҷумла қайд кард, ки чорабинии мазкур дар заминаи иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилояти Суғд оид ба эълон гардидани 1300 рӯзи ободонию кабудизоркунӣ ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Роҳбари вилоят гуфт, ки дар замини санадҳои мазкур имрӯз дар 18 шаҳру навоҳии вилоят корҳои ободонию созандагӣ сурати тоза пайдо намудааст. Оғози мумфаршкунии кӯчаи Сирдарё Маъракаи имрӯзаи мумфаршкунии яке аз кӯчаҳои асосии шаҳри Хуҷанд, ки ин шаҳри бостониро бо навоҳии Бобоҷон Ғафурову, Ашт ва ноҳияи Мастчоҳ  ва шаҳри Истиқлол пайваст намуда, аз ҳама муҳимаш ин масир ба кишвари ҳамсояи дӯсту бародар Ҷумҳурии Ӯзбекистон иртибот дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки азнавсозии роҳ аз гардишгоҳи Наврузгоҳ оғоз ва то даврароҳи Ором анҷом мепазирад. Дар ин масир чароғонкунии роҳ низ ба назари эътибор гирифта шудааст. Ҳамзамон рузҳои наздик мумфаршкунии роҳи кӯчаи 30 солагии Ғалаба ва 500 метр тангкучаи маҳаллаи "Навбаҳор" низ ба сомон расонида мешавад. Гузашта аз ин  соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд азнавсозии роҳҳои кӯчаи Абулқосим Фирдавсӣ ва микроноҳияҳои 8-12 ба нақша гирифта шудааст. Пудратчии роҳ ширкати "Тоҷ-роуд" буда, он муваззаф гардид, ки сифати корҳоро ба сифати баланд анҷом диҳад.

Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон гуфт, ки мо бояд давоми се соли дарпешистода дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ вусъат дода мешавад. Инчунин, бунёди китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо ва умуман, ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин, шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боғҳои нав аз ҷумлаи корҳои ободоние мебошанд, ки ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ анҷом дода шаванд. Алҳол дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби грантҳои байналмилалӣ 3 лоиҳаи бузурги иҷтимоӣ амалӣ шуда истодааст. Ин имкон медиҳад, ки ин шаҳри бостонӣ боз ҳам рушду тараққӣ ва зебову ороста гардад.

Раиси вилоят афзуд, алҳол дар қаламрави вилоят азнавсозии роҳҳои Конибодом-Исфара, Исфара-сарҳади Қирғизистон, Ҷаббор Расулов-сарҳади Қирғизистон бо маблағи зиёда аз 20 миллион доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст, ки моро аз бунбасти коммуникатсионӣ комилан раҳо ва имкониятҳои хуби иқтисодиро муҳайё менамояд.

Сокинони маҳаллаи «Навбаҳор» аз ин иқдоми Роҳбарияти вилоят илҳом гирифта, сипосгузории хешро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, ҳамраъйи хешро ҷиҳати ободониву созандагии шаҳри бостонии Хуҷанд изҳор доштанд.

Сипас бо дуои неки пирони рӯзгор аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба корҳои мумфаршкунии кӯчаи Сирдарё ҳусни оғоз бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд