(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар Рӯзи ҷавононСубҳи имрӯз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони маъюбу камбизоати шаҳри Хуҷанд аёдат  ва ба эшон маводҳои ниёзи аввал дастрас карда шуд.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ба манзили сокини микроноҳияи 20-ум Умед Бобоҷонов, ки маъюб аст, ҳозир шуда, Паёми табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба ин ҷавон расонд.

Фирӯза Нуруллозода гуфт, ки бо ҳидоятҳои раъиятпарваронаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумо ҷавонон ҳамеша зери парастиш ва таваҷҷуҳи хоса қарор доред. Имрӯз рӯзи ид аст, шодиву хурсандӣ намоед. Ғайр аз ин бо такя аз фазилати неки моҳи шарифи Рамазон ба ҷо овардани амалҳои хайр, аз қабили хабардор шудан аз ҳоли маризону муҳтоҷон ва маъюбон, ки аҷру савоби бештар дорад ва ин амалҳои солеҳ ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллии арзёбӣ мегардад, Роҳбарияти шаҳр тасмим гирифт, ки чунин қишри ҷомеаро аёдат намояд. Мусаллам аст, аёдати бечорагон, барҷомондагон, ятимону маъюбон, оилаҳои бепарастору камбизоат ва дигар ниёзмандон дар ҳамин моҳ савоби бештар дорад. Аз ин лиҳоз мо ба манзили шумо омадем.

Ҳамин тавр, сокинони маҳаллаи Сирдарё Гулида Мамадҷонова, маҳаллаи 32-юм Шаҳноза Бақоева, маҳаллаи Пахтакор Наимҷон Раҳимҷон, Махфират Раҳимова, Саида Насруллоева, Сафия Насруллоева, микроноҳияи 33-юм Руслан Деҳқонов, кӯчаи Озодӣ Ҳасан Шерматов,  микроноҳияи 20-ум Марҳабо Ахмадҷонова мавриди аёдат  қарор гирифта, бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳният гуфта шуданд.

Волидайни аёдатшудагон ва худи эшон аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ болида гардида, зикр намуданд, ки мо ҳеҷ гоҳ худро танҳою бекас ҳис намекунем. Диламон пур аст, ки Пешвои ғамхору мӯнис ва роҳбарони оқилу саҳоватпеша дорем. Хайру эҳсони шумо ба рӯзгоратон барака орад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд