(0 овоз, миёна 0 аз 5)

«Кӯдакон-гули боғи ҳаётанд»Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар қаламрави шаҳр санаи 1-уми июн Рӯзи кӯдакон таҷлил карда мешавад. Ва рӯзи ид дар Боғи Камоли Хуҷандӣ чорабинии идона таҳти унвони «Кӯдакон-гули боғи ҳаётанд» баргузор мегардад.

Ҳамзамон бахшида ба Рӯзи кӯдакон силсилаи зиёди чорабиниҳо, аз ҷумла озмуни иншои беҳтарин дар мавзуъи «Ҳуқуқи худро меомӯзем» байни муассисаҳои таълимӣ, аксия таҳти унвони «Ба кӯдакон муносибати некбинона мебояд», баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, озмуни расмкашии «Тоҷикистон аз нигоҳи ман», ташкили чорабиниҳои идона дар муассисаи таҳсилоти томактабии №26, комплекс кӯдакистони махсус барои кӯдакони қувваи босириашон суст ва нобинои №30, «Хонаи кӯдакон», «Маркази солимгардонии норасоӣ ва ҳифзи кӯдакон» ба назар гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар боғи фарҳангӣ-фароғатии «Наврӯзгоҳ» ташкил намудани викторина ва озмунҳо, дар боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ ташкили саҳнаҳои афсонавӣ бо иштироки қаҳрамонони афсонавӣ ва ғайраҳо пешбинӣ шудааст.

Масъулин ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии мазкур муваззаф гардидаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд