(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи волейбол натиҷагирӣ карда шудДар асоси нақшаи тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар соли 2018, бо мақсади тарғибу ташвиқи волейбол, мустаҳкам намудани алоқаи дўстии байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳр дар давоми соли хониш Лигаи шаҳри Хуҷанд оид ба намуди волейбол байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳрӣ таҳти унвони «Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат!» баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа 12 даста байни духтарон ва 24 даста байни писарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳрӣ бо ҳам қувваозмоӣ намуданд ва дар натиҷа ҷои якумро байни духтарон муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №23, ҷои дуюмро дастаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №6 ва ҷои сеюмро дастаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми № 16 соҳиб гардиданд.

Байни писарон ҷои якум насиби дастаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умуми № 6, ҷои дуюм дастаи мактаби хусуси «Гулчини маърифат» ва ҷои сеюм дастаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми № 8 гардид.

Ба ғолибони мусобиқа аз ҷониби мудири  бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов диплом, медал, ифтихорнома, ҷом, ва тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд