(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Баҳриддин Ахмедов- ходими ҳизбӣ, давлатӣ ва ҷамъиятӣДар толори Маркази фарҳанг-и шаҳри Хуҷанд конференсияи илмию амалӣ бахшида ба фаъолияти меҳнатии Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Баҳридин Ахмедов таҳти унвони «Баҳриддин Ахмедов- ходими ҳизбӣ, давлатӣ ва ҷамъиятӣ” баргузор гардид.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд конфронсро ифтитоҳ намуд. Сипас, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Суғд Тоҷибой Султонзода табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ифтихори 85 солагии Баҳриддин Ахмедовро ироа намуд. Таъкид шуд, ки Баҳриддин Ахмедов баробари таъсисёбии вилояти Ленинобод (Суғди имрӯза) моҳи декабри соли 1970 ба узвияти кумитаи ташкилии вилоят пешбарӣ намуданд ва аз 14 феврали соли 1971 дар Иҷлосияи  якуми Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони  вилояти Ленинобод, котиби комиҷроияи Шӯрои депутатҳои вилоят  интихоб карданд ва дар ҳамин вазифа то ба нафақа баромадан, яъне соли 1993 фаъолият бурдаанд. Баҳриддин Ахмедов дар муддати тӯлоние, ки дар комиҷроияи Шӯрои депутатҳои вилоят фаъолият бурданашон барои таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ, рушду нумӯи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, саноат, сохтмон, маориф, тандурустӣ ва дигар ҷабҳаҳои  хоҷагии халқи вилоят саҳми  арзанда гузоштанд. Маҳз бо заҳмату кӯшишҳои Баҳриддин Ахмедов дар ҳайси котиби комиҷроияи Шӯрои депутатҳои  вилоят корҳои омодагию ташкилии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои он дар сатҳи баланд гузаштанд.

Фирӯза Нуруллозода,  номаи шодбошии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла зикр гардидааст: “Дар таърихи даврони шӯравии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр шахсиятҳои маъруф бо корнамоиҳои меҳнатии худ дар ҷомеа сазовори таҳсину офаринҳо гардиданд. Ҳар халқу миллат бо бузургону абармардони хеш ифтихору сарбаландӣ дорад. Мо бисёр ифтихор дорем, ки имрӯз дар қатори  бузургон роҳбари кордону ташкилотчии хуб ва таҷрибадор, марди фидокору ғамхор ва яке аз пешқадамтарин фаъоли  шаҳру вилоят, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, устод ва мураббии садҳо роҳбарон Баҳриддин Ахмедовро ном мегирем. Саҳми ин шахси номвар дар пешрафти маънавиёту иқтисодиёти ҷомеаи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол басо назаррас мебошад. Дар ҳаёти Баҳриддин Ахмедов рӯзҳои  фаромӯшношуданӣ хеле бисёранд ва  ҳар яки онҳо ҳолномаашонро бо рангҳои назаррас муҷалло сохтаанд. Баҳриддин Ахмедов ҳанӯз дар замони ҷавониашон дар вазифаҳои дастурдеҳӣ Кумитаи ҳизби Коммунисти ноҳияи Ашт, котиби ҳизби Комунистии хоҷагии  ба номи Тӯйчӣ Эрҷигитов фаъолият намудаанд. Устод соли 1968 муовини раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои ноҳияи Ашт интихоб гардиданд”.

Таъкид шуд, ки Ватан хизматҳои хоксоронаи ин абармардро қадр кардааст. Устоди азиз барои хизматҳои шоёнашон бо 2 ордени “Нишони фахрӣ”, 3 медал, Грамотаҳои фахрии Президиуми Шӯрои Олӣ ва Комитети марказии ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, унвони фахрии “Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, бахшида ба 60-солагии ташкили вилояти Ленинобод бо ордени “Дӯстӣ”  сарфароз гардидаанд. Баҳриддин Ахмедов ба туфайли меҳнати шоёну назаррас дар саросари вилоят ҳамчун роҳбари масъулиятшиносу кордон шӯҳратёр гардиданд. Баҳриддин Ахмедов ҳамчун ходими ҳизбӣ, давлатӣ ва ҷамъиятӣ, соҳибтаҷрибаю соҳибмаърифат, хирадманд, эҷодкор, меҳрубону фидокор дар замири коргарону шогирдон маскан гирифтаанд. Имрӯзҳо садҳо шогирдони ин шахси наҷиб дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишварамон дар вазифаҳои мухталиф кору фаъолият бурда, барои ободию пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузоранд.

Сипас, раиси Ш=рои собиқадорони вилоят Турсунбой Рахматов, раиси  бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, собиқ сардори раёсати молияи вилояти Суғд, Корманди шоистаи Тоҷикистон Кароматулло Одилов, доктори илмҳои филология, профессор Баҳриддин Камолиддинов, Шавкат Ахмедов ва дигарон аз хизматҳои шоёни Баҳриддин Ахмедов ҳарф заданд.

Зикр гардид, ки Баҳриддин Ахмедов дар тӯли фаъолияти меҳнатиаш баъд аз ба нафақа баромадан дар саҳифаҳои рӯзномаҳо, ҳафтанома ва маҷаллаҳо мақолаҳои зиёдро ба табъ расонидааст. Бахшида ба 80-солагии Баҳриддин Ахмедов китобе бо номи “Чеҳраҳои шинохта”-ро ба дасти хонандагон расидааст. Ҳамчунин Баҳриддин Ахмедов бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон китобе бо номи “Иҷлосияи таърихӣ ва Пешвои миллат” аз чоп бароварданд ва онро ба Пешвои миллат тақдим намуданд. Барҳақ, Баҳриддин Ахмедов чун ходими ҳизбию  ҷамъиятӣ ва давлатӣ  бо меҳнати ҳалол ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд.

Сипас, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Баҳриддин Ахмедов миннатдории хешро ба ташкилкунандагони конфронс баён дошта, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки бештар донишу касб омӯхта, баҳри ободии диёри аҷдодии хеш саъю талош варзанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд