(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Хуҷанд: 25 ҳазор нафар дар Дави миллӣ иштирок намудандРӯзи 20 май дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд чорабинии варзишии Дави миллӣ баргузор шуд, ки дар он беш аз 25 ҳазор нафар одамони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Дар қатори ҳазорҳо нафар сокинони маркази вилоят Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовинони Раиси вилоят ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода низ дар чорабинии мазкур иштирок намуданд. Қабл аз оғози Дави миллӣ Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳузури сокинон суханронӣ намуда, аз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи варзиш ёдоварӣ кард ва баргузории Дави миллиро ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим иқдоми муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард. Таъкид шуд, ки варзиш танро солим ва рӯҳро болида намуда, барои фаъолияти пурсамари меҳнатӣ мусоидат менамояд.

Чорабинии варзишӣ аз назди Корхонаи воҳиди давлатии Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” оғоз ёфта, ба василаи хиёбони ба номи Раҳим Ҷалил ва купрӯки нав то назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев идома ёфт ва дар охир ба зиёда аз 30 нафар иштирокчиёни фаъол аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд