(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Машқи пагоҳирӯзӣ ва велосипедронӣТавре, ки иттилоъ дода будем, рӯзи шанбе ҳафтаи сипаришуда бо мақсади пуршукӯҳ ҷашни гирифтани Рӯзи ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти дар назди Маҷмааи давлатии «Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд машқи пагоҳирӯзӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

Ҳамчунин худи ҳамин рӯз аз ин мавзеъ мусобиқа велосипедронӣ оғоз гардида, то маҳаллаи 12-уми шаҳр идома ёфт.

Ташкили чунин чорабиниҳо имкон медиҳад, ки мардум, бахусус ҷавонон ба он ҷалб гардида, он баҳри солимии рӯҳу тан мусоидат менамояд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд