(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ҳанифа Валиева- “Мураббияи сол” шудДар мактаби хусусии «Паймони азизон»-и шаҳри Хуҷанд марҳилаи ҷамъбастии озмуни шаҳрии «Мураббияи соли Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар ин даври озмун се нафар мураббиён аз кудакистони хусусии “Дилоро” ва ширхоргоҳ кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд бо ҳам қувваозмоӣ намуданд

Мураббияҳо аз рӯйи шартҳои “Мизи мудаввар”, “Тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости доварон”, “Машғулияти таьлимӣ”, “Муаррифии фаъолияти педагогӣ”, “Дониш ва маҳорати касбии мураббиён” ва “Таҳлили ҳолатҳои равонии педагогӣ” маҳорати хешро нишон доданд.

Дар натиҷа, мақоми аввалро мураббияи ширхоргоҳ- кӯдакистони рақами 27 Ҳанифа Валиева, ҷойи дуюмро мураббияи кӯдакистони хусусии “Дилоро” Марҷона Ҳасанова ва зинаи сеюмро мураббияи ширхоргоҳ кӯдакистони рақами 20 Мадина Боирова ба даст оварданд.

Ҳамин тавр бо гирифтани мақоми аввал мураббияи ширхоргоҳ- кӯдакистони рақами 27-и шаҳри Хуҷанд Ҳанифа Валиева барои иштирок ба озмуни вилоятии  “Мураббияи соли Тоҷикистон”  роҳхат гирифт.

Бояд таъкид намуд, ки ҳадафи ташкили чунин озмун дарёфт  ва муайян намудани мураббияҳои беҳтарин, ки дар асл эҷодкор ва дилбохтаи касби хеш мебошанд, баланд бардоштани маҳорату малакаи  касбии мураббиён, тарғибу ташвиқи таҷрибаи пешқадами педагогӣ, муайян намудани мураббиёни эҷодкор ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд